26 январи соли равон «Корвони саломатӣ»-и навбатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муоинаи тиббии сохтмончиёни НБО Роғун ва дар ин замина таъмини сатҳи сиҳатии онҳо вориди майдони сохтмонии НБО Роғун гардид.
Дар чорабинии мазкур 40 нафар мутахасисони ботаҷрибаи соҳа ҷалб гардида, дар рафти баргузории «Корвони саломатӣ» зиёда аз 1500 нафар муроҷиаткунандагон аз хизматрасонии ройгони тиббӣ бархурдор гардиданд.
Дар баробари ҷалб гардидани мутахассисони соҳибтаҷриба ба «Корвони саломатӣ», ҳамчунин дастгоҳҳои ташхисӣ, аз қабили ташхиси фаросавтӣ, дастгоҳи сабти барқии дил, дастгоҳи даруннигарӣ, нақлиёти сайёри флюорографӣ, нақлиёти сайёри ташхисӣ, тестҳо барои ташхиси бемориҳои сироятӣ ва диабети қанд, инчунин маводҳои иттилоотӣ барои ташхису маслиҳатдиҳӣ сафарбар гардиданд.