Чанде қабл дар Раёсати тандурустии вилояти Хатлон вохурии кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо кормандон ва намояндагони соҳаи тандурустии вилоят баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур масъалаи “Хавфу хатари терроризм ва экстремизм ба давлат ва пешгирии ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ” мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Намояндагони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон зимни вохурӣ бо кормандони Раёсати тандурустии вилояти Хатлон аз таҳдиди ҷиддии терроризм ва экстремизм ба ҳаёти орому осудаи сокинони сайёра, оқибати пайравии баъзе аз нафарони гумроҳ ба чунин гуруҳҳо муфассал маълумот дода, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки дар мубориза алайҳи чунин гурӯҳу созмонҳои ҷиноӣ саҳми арзандаи худро гузошта, ҷиҳати решакан намудан чунин зуҳуроти номатбул дар олам бетараф набошанд.
Дар навбати худ намояндагони соҳаи тандурустии вилоят бо боварӣ изҳор намуданд, ки дар мубориза алайҳи терроризму экстеримз ва дар умум гурӯҳу созмонҳои ҷиноӣ бетараф нахоҳанд буд.