Ҳамоиш бахшида ба «Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил»

Ҳамоиш бахшида ба «Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил»
Апрел 12
13:51 2018

Имрӯз дар меҳмонхонаи «Хаят Реҷенсӣ» воқеъ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, вобаста ба қайд намудани «Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил» ҳамоиш баргузор гардид.

Дар рафти чорабинии мазкур Аслиддин Раҷабзода, директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимиояи аҳолӣ аз бемориҳои сил», Хушвахт Шарифзода, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Саманта Хоффман, ҳамоҳангсоз оид ба лоиҳаҳои тандурустӣ Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID), Зулфиқаҳҳор Гулаҳмадзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Дашанбе, Абдулаҳад Сафаров, менеҷери барномаи бемериҳои сироятӣ ва ҳифзи саломатӣ, намояндагии ТУТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагон аз раёсатҳои тандурустии вилоятҳо, инчунин дигар кормандон ва намояндагони муассисаҳои зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки моҳи март ҳамасола   дар саросари ҷаҳон,   бо қарори Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ)   Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил таҳти  шиорҳои гуногун  қайд карда мешавад.  Ҳадаф аз гузаронидани ин рӯз пеш аз ҳама, баланд бардоштани савияи огоҳии  аҳолӣ дар бораи паҳншавии глобалии ин беморӣ,  пешгирӣ ва мубориза бар зидди он  мебошад.  Бояд  зикр кард, ки соли 1882 дар Олмон Роберт Кох пас аз 17 соли  омӯзиш  дар ташхисгоҳ  барангезандаи бемории силро кашф намуд, ки онро батсилаи Кох (БК) ва ё чӯбчамикроби Кох номиданд.    Бемории сил (БС)  аз инсон ба инсон тавассути ҳаво ва оби даҳон паҳн мегардад. Ҳангоми сулфазанӣ, атсазанӣ ва ё балғампартоӣ бактерияҳои БС аз шахсони гирифтори БС ба ҳаво паҳн мешаванд. Барои сироятшавии инсон танҳо нафас кашидани миқдори камтарини чунин бактерияҳо кифоя аст.  Аз ин ҷост, ки паҳншавии ин беморӣ  ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Агарчӣ авҷи бемории сил миёни сокинони Тоҷикистон дар қиёс ба кишварҳое ки, бемории сил миёни аҳолии онҳо дар ҳоли паҳнвашӣ қарор гирифтааст паст мебошад, вале Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза алайҳи ин бемории сироятӣ ва ҷиҳати ҳифзи сокинон ва гирифторшавӣ ба ин намуди маризӣ як қатор тадбирҳои амалие рӯи даст гирифта,  ҳамасола «Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил»- ро дар сатҳи баланд қайд менамояд.

Соли равон «Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил» таҳти шиори «Дар якҷоягӣ ба бемории сил хотима мебахшем» қайд гардид.

Чорабинии мазкурро Аслиддин Раҷабзода, директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимиояи аҳолӣ аз бемориҳои сил» бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, зимни баромади хеш гуфт; «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  низ  бемории сил яке аз мушкилиҳои асосӣ ва самтҳои муҳими  фаъолияти  соҳаи тандурустии  мамлакат маҳсуб мешавад. Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил»,  “Нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои ‎2015-2020»  аз тадбирҳои андешидаи ҳукумати кишвар  дар мубориза алайҳи ин беморӣ маҳсуб меёбад.  Мувофиқи дурнамо қабул намудани чунин санадҳои ҳуқуқӣ ва барномаҳои миллӣ дар доираи  мубориза бо шаклҳои устувори сил, ангезандаҳои муштараки сил/ВНМО, бемории сил дар маҳбасҳо ва чанд ҷанбаи дигарро дар бар гирифтааст».

«Чанде қабл Қарори Раиси шаҳри Душанбе, дар бораи Дастгирии беморони сил ба тасвиб расид, ки ҷиҳати иҷрои он дар чор ноҳияи пойтахт тадбирҳои амалӣ рӯи даст гирифта шудааст. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе нисбати  таъмини сатҳи сиҳатии сокинон ва баланд бардоштани савияи дониши оҳолӣ дар  мубориза алайҳи бемориҳо  тамоми  тадбирҳоро андешида истодааст, ки дар ин росто нақши бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ назаррас арзёбӣ мегардад»- ин нуқтаро зимни суханронии хеш Хушвахт Шарифзода, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе байён намуд.

Дар чорабинии мазкур инчунин Зулфиқаҳҳор Гулаҳмадзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Дашанбе баромад намуда, нақш ва мавқеъи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар баробари дигар корҳои назаррас, бахусус дар соҳаи тандурустиро муфассал байён намуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба фаъолон ва он табибону ҳамшираҳои шавкат, ки дар мубориза алайҳи бемории сил мавқеъи назаррасеро соҳиб гаштаанд, туҳфаҳои хотиравии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ташкилоти KNCV дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимиояи аҳолӣ аз бемориҳои сил» бо Диплом ва ифтихорномаҳо, инчунин  туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 743
  • 1,242
  • 949,763