Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди дар арафаи Иди Рамазон кўмак расонидан ба маъюбон, камбизоатон ва табақаҳои ниёзманди аҳолӣ санаи 14.06.2018 соли равон аз ҷониби сохторҳои зертобеъи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ба Шўрои собиқадорон ва ҷанговарони интернатсионалистони шаҳри Бохтар ва филлиали ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон” дар шаҳри Бохтар, ташкилоти ҷамъиятии маъюбони “Шодком”-и вилояти Хатлон, ташкилоти ҷамъияти маъюбони “Ғамхор”-и шаҳри Бохтар кўмаки молиявӣ ба маблағи 2500- сомонӣ расонида шуд. Инчунин ба собиқадорони ҷанговарони интернасионалисти ва меҳнат 800- сомонӣ, ба кулли ятимони хона интернати ҷумҳуриявии дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ ба маблағи 1200 сомонӣ кӯмак расонида шуд.
Дар баробари ин аз чониби кормандони сохаи тиб дар шахру нохияхо, рохбарони Марказхои вилояти зиёда аз 11000 сомонӣ ва чамъ дар вилоят дар сохтори госпитали ва кумаки аввалияи тиббию санитарии ба маблаги зиёда аз 34000 сомони фитри руза ба камбизоатҳо ва табақаҳои ниёзманди аҳолӣ таксим гардид.