Ба Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо дастгоҳи муосири ангиоҷет дастрас карда шуд

Ба Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо дастгоҳи муосири ангиоҷет дастрас карда шуд
Апрел 02
10:52 2024

Ташхису табобати бемориҳои дилу рагҳо яке аз бахшҳои муҳими соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта, дар ин самт дар кишвар тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ташхису табобати бемориҳои дилу рагҳо  дастгоҳи нав ворид гардид, ки ангиоҷет ном дорад.

Бино ба иттилои мутахассисон, вазифаи асосии дастгоҳи мазкур аз он иборат аст, ки он бе буриши бадани бемор, бе истифода аз беҳискунии умумӣ тавассути сурох кардани раги хунгард ба мавзеи басташудаи шараён  рафта мерасад.  Сипас, ба гирду атрофи хунҳои лахташуда таҳти фишори ниҳоят баланд маҳлул фиристода мешавад.

Дар натиҷа хунҳои лахтае, ки шараёнро бастаанд, мулоим карда шуда, тавассути сурохи дигар бо истифода аз фишори манфие, ки дастгоҳи мазкур доро мебошад, лахтаҳои хун кашида гирифта шуда, дар натиҷа раги хунгард барқарор карда мешавад.

Дастрас гардидани чунин дастгоҳи муосир бори дигар аз таваҷҷуҳи роҳбарияти Олии Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ дарак дода, ташхису табобати бемориҳои дилу рагҳоро боз ҳам осонтар мегардонад.

Мавриди зикр аст, ки барои бо истифода аз дастгоҳи тиббии мазкур анҷом додани амалиётҳои ҷарроҳӣ дар бахши дилу рагҳо табибони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” Раҷабов Дориюш ва Абдусамадов Комил дар кишварҳои хориҷӣ такмили ихтисос гузашта, донишу таҷрибаи хешро сайқал додаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 104
  • 989
  • 887,458