Баррасии масъалаи ғизои солим дар вохӯрии Саида Умарзода бо Герда Вербург

Баррасии масъалаи ғизои солим дар вохӯрии Саида Умарзода бо  Герда Вербург
Июн 20
10:16 2018

18 июни соли равон  дар бинои Вазорати тандурустӣ ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба “Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN)” назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Герда Вербург, Ёвари Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамзамон Ҳамоҳангсози “Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN)” сурат гирифт.

Бояд таъкид кард, ки ташрифи Герда Вербург ба Тоҷикистон дар чорчӯбаи иштироки ин меҳмони олиқадр дар Конфронси байналмилалии “Об барои рушди устувор”, ки дар рӯзҳои 20-22 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, сурат гирифт.

Бояд тазаккур дод, ки ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN)” ҳаракатест барои таҳкими ӯҳдадориҳои сиёсӣ ва масъулият барои ин ӯҳдадориҳо аз тариқи узвияти ихтиёрии кишварҳои аъзо ва шабакаҳои SUN.

Зимни суханронии худ хонум Герда Вербург аз имконияти ба Тоҷикистон омаданаш, дар маросими кушодашавии Конфронси байналмилалии “Об барои рушди устувор” сухан карданаш ва аз имконияти бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ карданаш тавсиф намуд ва афзуд, ки Тоҷикистон дар масъалаи ҳалли мушкилоти норасогии ғизо ва солимии кӯдакон қадамҳои устувор намудааст. Дар баробари паст бурдани нишондиҳандаҳои қадпастӣ, лоғарӣ, камвазнӣ ва дигар оқибатҳои номатлуби норасогии ғизо дар байни кӯдакон, Тоҷикистон чанд масъалаҳои мубрами марбут ба ғизои дар пеш истодаро бояд ҳал намояд. Герда Вербург афзуд, ки мисоли Тоҷикистон дар паст кардани сатҳи қадпастӣ, лоғарӣ, камвазнӣ ва дигар оқибатҳои номатлуби норасогии ғизо дар байни кӯдакон бояд ба дигар кишварҳои аъзои “Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN)” ҳамчун намуна ташвиқ карда шавад. Инчунин, дар давоми сухани худ Герда Вербург ба масъалаҳои пурзур намудани ҳамоҳангсозӣ дар байни идораҳои аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба “Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN)”, баргузор намудани Форуми байналмилалӣ оид ба ғизо, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои синамаконӣ, пешгирии зиёдвазнӣ, фарбеҳӣ ва камхунӣ, ҷалби намояндагони парлумон ба масъалаи ғизо, баланд бардоштани огоҳии сиёсатмадорон ва мутасаддиёни вазоратҳо оид ба оқибатҳои номатлуби норасогии ғизо ва рушди ақлонӣ ва ҷисмонии кӯдакон ва ғайра аҳамият зоҳир намуд.

Дар навбати худ Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба “Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN)” ба Герда Вербург барои ташрифашон арзи сипос намуда, дар идомаи суханронӣ вобаста ба дастовардҳои Тоҷикистон дар масъалаи беҳтар намудани дастрасии ғизо таъкид кард, ки Тоҷикистон дар соли 2013 аъзои “Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN)” гардид ва дар айни замон Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба “Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN)” вобаста ба таҳияи Нақшаи амали байнисоҳавӣ оид ба ғизо хело фаъол мебошад.

”Новобаста аз пастшавии сатҳи қадпастӣ дар байни кӯдакон, аз рӯи нишондиҳандаҳои “Тадқиқоти ваъзи микронутриентҳо дар Тоҷикистон” соли 2016 вазъи гирифторӣ ба камхунӣ чӣ байни кӯдакон ва чӣ дар байни занони қобили таваллуд баланд буда, ташвишовар меббошад.”- иброз намуд Саида Умарзода ва ҳамзамон таъкид намуд, ки; “ин масъала сабабҳои объективӣ ва субъективӣ дорад, чун маърифатнокии аҳолӣ дар бораи ғизои солим, дар бораи аҳамияти ғизо дар ҳазор рӯзи аввали ҳаёти кӯдак ва таҷрибаҳои тайёр намудани ғизои солим паст мебошад. Барои бартараф намудани ин камбудӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ як қатор корҳоро бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ба итмом расонид. Масалан, гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ барои журналистон оид ба аҳамияти ғизо, тадқиқоти ваъзи микронутриентҳо, таҳлили норасогии моддаҳои ғизоӣ, тадқиқот оид ба фарбеҳӣ, гузаронидани даҳаи синамаконӣ, баргузории Форумҳои миллии ғизо, таҳияи стратегияи ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ, стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ, лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғанигардонидашуда”, такмили барномаҳои таълимии колеҷҳо ва донишгоҳҳои тиббӣ бо масъалаҳои ғизо ва дигарон.”

Дар идомаи суханронии худ Саида Умарзода таъкид намуд, ки  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба аҳамияти 1000 рӯзи аввали тиллоии ҳаёт аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва дар ин раванд Форуми дуюми миллии ғизоро гузаронд ва дар айни замон машғули таҳияи стратегияи миллии коммуникатсионӣ оид ба “1000 рӯзи аввали тиллои” мебошад.

Дар ҷаласа инчунин сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулоев Шералӣ, сардори Раёсати ислоҳот, КАТС ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Маҳмудзода, сардори Бахши модаршавии бехавфи Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Юнусова, корманди масъули Котиботи миллии “Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN)”

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 698
  • 1,242
  • 949,718