Хуҷанд: Вазъи санитарию эпидемиологии шаҳр таҳлил ва баррасӣ гардид

Хуҷанд: Вазъи санитарию эпидемиологии шаҳр таҳлил ва баррасӣ гардид
Май 17
12:51 2021

Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо мақсади пешгирӣ аз мавҷи дигарбораи бемории сироятии COVID–19 силсилаи мулоқотҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, марказҳои савдо, кумитаи маҳаллаҳо ва ғайраҳо баргузор гардид.

Таҳмина Усмонова, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд мулоқотро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо вазъи ҷойдоштаи  ин беморӣ дар давлатҳои минтақа шинос намуд.

Аз ҷумла таъкид гардид, ки дар кишвари Ҳиндустон бо ҳисоби миёна дар як шабонарӯз ба ин беморӣ 366 494 нафар сироят ёфта, аз ин миқдор дар як шаб 4000 нафар фавтида истодаанд. Чунин вазъи нигаронкунанда дар давлатҳои ҳамсояи мо Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон низ ҷой дорад.

Тахмина Усмонова афзуд, ки ҳарчанд аз оғози сол бемории короновирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашуда бошад ҳам, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд вобаста ба пешгирӣ аз интиқолшавии ин беморӣ пайваста чораандешӣ карда мешавад.

Мавсуф диққати раисони маҳаллаҳо ва масъулини соҳаи маорифро баҳри ҳамкории доимӣ бо марказҳои саломатӣ ҷалб намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки дар кору таҳсил ҳатман қоидаҳои гигиенаи ҷамъиятиро риоя намоянд.

Зикр гардид, ки ягона роҳи асосии сироят наёфтан ба бемории короновирус эҳтиёткориро пеша намудан аст, зеро, омили асосии паҳн гаштани ин беморӣ дар миёни ҷомеа сироятёбӣ аз шахси мубталои беморӣ ба инсони солим мебошад. Ин бемории марговар бо роҳи қатраӣ – ҳавоӣ, алоқаи наздик, яъне дасти ҳамдигар фишурдан, оғӯш гирифтан, даст расондан ба ашёву маводе, ки онҳо бо вирус олудаанд ва риоя накардани гигиенаи шахсӣ паҳн мешавад. Аз ин рӯ, роҳҳои асосии пешгирии ин ҳолат риояи гигиенаи шахсӣ, истифода аз ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ, тоза нигоҳ доштани муҳити зист, пайваста шӯстани дастон бо собун ва риояи фосила маҳсуб меёбанд.

Таҳмина Усмонова изҳори нигаронӣ намуд, ки мутаассифона айни ҳол на ҳамаи сокинони шаҳр чунин талаботи ҳатмиро риоя мекунанд. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, имрӯзҳо аксар вақт дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам, бахусус дар бозорҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ ҳолати бениқоб гаштугузор кардани шаҳрвандон ва риоя накардани фосилаи иҷтимоӣ ба назар мерасад, ки аз беэҳтиётии шаҳрвандон дар самти пешгирии ин беморӣ дарак медиҳад.

Дар анҷоми мулоқот роҳбарону масъулини дахлдор вазифадор карда шуданд, ки дар самти ҷилавгирӣ аз сирояти бемории короновирус тамоми шароити заруриро муҳайё  намуда, чораҳои пешгирикунандаи онро боз ҳам пурзӯр намоянд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 98
  • 989
  • 887,452