Июн 22
11:52
2018
Чанде қабл бо мақсади тарғиби ғизои солим миёни аҳолӣ, дар мактаби №14-и ноњияи Дӯстии вилояти Хатлон таҳти унвони “Ярмаркаи деҳқон” чорабинии амалӣ-иттилоотӣ баргузор гардид.
Иқдоми мазкур бо ибтикори бевоситаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар доираи Лоиҳаи “Саломатӣ ва ғизо” сурат гирифт.
Роҳу усулҳои аслии ба даст овардани ғизои солим, аҳамияти ғизо ба кўдакон ва синамакконӣ, аҳамияти ғизо ба сатҳи сиҳатӣ аз қабили масъалаҳои аслие буданд, ки дар ҷамъомад мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор гирифтанд.
Дар охири ҷамъомад миёни иштирокчиён вобаста ба ғизои солим варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.