ФАРХОР. 77 ҲАЗОР СОМОНӢ БАРОИ ҲАВАСМАНДИИ ТАБИБОН

ФАРХОР. 77 ҲАЗОР СОМОНӢ БАРОИ ҲАВАСМАНДИИ ТАБИБОН
Июн 20
10:51 2018

Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва ҳавасмандии кормандони соҳа дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва Бонки ҷаҳонӣ барномаҳои гуногун амалӣ мегарданд.
Дар ин замина, аз ҷумла дар ноҳияи Фархор солҳои охир шароити кору хизматрасонӣ дар муассисаҳои тиббии самти ёрии аввалия беҳтар шуда, аз ҳисоби маблағҳои лоиҳаи беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ биноҳои марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои тиббӣ аз таъмир бароварда шудаанд.
– Дару тирезаҳои ҳуҷраҳои корию хизматрасонӣ иваз шуда, қисмати берунаю дохилии маркази саломатӣ рангубор ва тамоми кормандон бо сарулибоси ягонаи корӣ, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, таъмин гаштанд, – гуфт Гадохӯҷа Муҳиддинов, сардухтури маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Ғайрат.
Тавре ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, дар доираи лоиҳа муассисаҳои тандурустии КАТС 5 ноҳияи интихобии вилояти Хатлон, имрӯз аз ҳисоби буҷети мақомоти маҳаллӣ ва лоиҳаи Бонки умумиҷаҳонӣ бо маблағҳои иловагӣ таъмин гардида, бо назардошти сифату натиҷаи кори ҳаррӯзаи табибону ҳамшираҳои шафқат, маблағҳои гуногунҳаҷмро баъди ҷамъбасти ҳар семоҳа тавассути  кортҳои пластикии алоҳидаи кормандон ҷудо мекунанд. Албатта, ба роҳ мондани чунин роҳу усули нави ҳавасмандгардонӣ масъулияти кормандони соҳаро зиёдтар намуда, аз ин ҳисоб бақайдгирии беморон бештар ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ баланд бардошта хоҳад шуд.
Хонзода Наимова, ҳамшираи шафқати маркази саломатии деҳаи Куҳандиёри ноҳия, иброз дошт, ки «имрӯз таваҷҷуҳи хатмкунандагони донишгоҳу донишкадаҳои тиббии ҷумҳурӣ, барои кор дар муассисаҳои тиббии деҳот бештар гаштааст. Метавон гуфт, ки маблағи моҳонаи мо нисбат ба кормандони беморхонаи марказии ноҳия зиёд аст. Тағйир ёфтани маблағи маоши мо аз сифату натиҷаи корамон вобастагӣ дорад, яъне ҳар нафарро бо назардошти натиҷаи фаъолияташ ҳавасманд мекунанд».
Бино ба гуфтаи масъулон, баъди роҳандозии лоиҳаи мазкур, шароити кору хизматрасонӣ дар муассисаҳои тиббии самти ёрии аввалияи ноҳияҳои таҷрибавӣ беҳтар гардида, аз ҳисоби маблағҳои 30 – фоиза роҳбарони бунгоҳу марказҳои саломатии деҳот дар баробари таъмиру тармими дафтарҳои корӣ, ҳамзамон, мизу курсӣ, ҷевон, рахтҳо барои ташхису табобати беморон, тарозуҳои хурду калон ва дигар намуди дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббиро харидорӣ намудаанд. Ҷудо гардидани маблағҳо барои беҳсозии шароити кору хизматрасонии тиббӣ аз шумораи аҳолии ҳамон маҳал ва натиҷаи корҳои иҷрошудаи аҳли кормандон вобастагӣ дорад. Масалан, духтурону ҳамшираҳои шафқати маркази саломатии деҳаи Шӯрқӯли ноҳияи Фархор дар 3 моҳи охири соли 2017 тавонистанд маблағи зиёда аз 77 ҳазор сомониро ба ғайр аз маблағҳои буҷетӣ азхуд намоянд.
Ба роҳ мондани чунин роҳу усулҳои нави маблағгузорӣ метавонад барои марҳила ба марҳила бартараф сохтани мушкилиҳои мавҷуда ва ҳавасмандии табибон ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ мусоидат кунад.

Кароматулло РАҲМАТОВ,
«Ҷумҳурият»

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 902
  • 1,242
  • 949,922