Бо мақсади пешгирии беморшавии аҳолӣ ва баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеъа, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои бунёдии “Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023” ва дар доираи “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020” “Корвони саломатӣ”-и навбатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Ёвон сафарбар гардид.
Дар чорабинӣ 19 нафар мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи тиб бо дастгоҳу лавозимоти муосири тиббӣ ҷалб карда шуданд, ки дар рафти он 796 нафар эҳтиёҷмандон аз муоинаю ташхиси комилан ройгон бархурдор гардиданд. Дар рафти баргузории “Корвони саломатӣ” 303 нафар беморон дарёфт карда шуда, ба муассисаҳои тандурустӣ роҳхат дода шудааст.
Аз тарафи ҷарроҳӣ кӯдакона 26 нафар кӯдакон аз амалиёти “Хатна” гузаронида шуда, аз ҷониби табибони бемориҳои занона 178 нафар занҳои қобили таваллуд аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуд.
Зимни баргузории чорабинӣ аз ҷониби мутахассисони нақлиёти дармонгоҳӣ сайёри тиббии Маркази СПИД 233 нафар шаҳрвандон аз муоина гузаронида шуданд.