«МАН НИҚОБ МЕБАНДАМ, ШУМО ЧӢ?»-даъвати роҳбари «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» Парвина Мухторова аз сокинони мамлакат

«МАН НИҚОБ МЕБАНДАМ, ШУМО ЧӢ?»-даъвати роҳбари «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» Парвина Мухторова аз сокинони мамлакат
Июл 02
10:05 2021

«Бо мақсади эмин мондани худ ва  наздиконам аз бемории COVID-19 ва дарки баланди   масъулияти  шаҳрвандӣ ман ниқоб мебандам, шумо чӣ?» — чунин хитоб намудааст  дар яке аз роликҳои  таблиғотӣ роҳбари Муассисаи давлатии  «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» Парвина Мухторова ба сокинони мамлакат.

-Бо сабаби хуруҷи мавҷи дуюми бемории COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар як сокини мамлакат қатъиян талаб карда мешавад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоб пӯшанд, аз маводҳои безараргардонӣ  истифода карда, бе зарурат дар берун гаштугузор накунанд. Зеро, танҳо бо роҳи риояи тавсияи мутахассисони соҳаи тиб ва ҷонибдории сокинон метавон аз сироятёбӣ ба COVID-19 ва  дилхоҳ беморӣ даст ёфт, — тавсия дод Парвина Мухторова зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».

Тибқи иттилои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус — COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, омили асосии хуруҷи навбатии бемории мазкур дар истифода накардани ниқоб, бетаваҷуҳӣ, риоя накардани муҳлати муайяншуда барои худмуҳофизатии шаҳрвандони мамлакат, ки аз хориҷи кишвар баргаштанд, мебошад.

Ба хотири эмин нигоҳ доштани саломатии мардуми Тоҷикистон аз бемории сироятии COVID-19  зимни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   30 июн ба Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории COVID-19, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастуру супориш доданд, ки масъалаи ваксинагузаронӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошти шахсию ҷамъиятӣ, таъмини доруворӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ, бо маводи безараргардонӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо, боғҳои фарҳангу фароғат, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии серодамро  ба таври қатъӣ назорат намоянд.

Ёдовар мешавем, ки  21 июни соли равон дар  мамлакат ҳолатҳои нави гирифтор шудан ба бемории сироятии коронавирус — COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 328
  • 989
  • 887,682