Назорат аз болои сифати маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ пурзӯр мешавад

Назорат аз болои сифати маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ пурзӯр мешавад
Сентябр 05
08:36 2018

Саломатии миллат боигарии давлат аст – ин сухани Пешвои муаззами миллат марбути тамоми самтҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ буда, ба ҳама сокинони мамлакат, новобаста ба касбу кору шахсияту рӯзгорашон тааллуқ дорад, яъне ин раҳнамо моро ҳидоят менамояд, ки мудом дар пайи ҳифзи саломатии худу дигарон бошем.

Дар ин росто табибону кормандони муассисаҳои тандурустӣ ва шахсоне, ки ба фаъолияти тиббӣ машғуланд,  масъулияти бештаре доранд, зеро тамоми давраи табобати сокинони кишвар – сар карда аз ташхису хариди доруворӣ то сиҳатии комил ба фаъолияти онҳо вобастагии зич дорад.

Мутаассифона, бо вуҷуди талошу тадбирҳои зиёди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам боло бурдани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва ҷилавгирии фаъолиятҳои ғайриқонунӣ дар ин самт ҳанӯз ҳам шахсоне ёфт мешаванд, ки арзишҳои муқаддаси инсонияту касбиятро помол намуда, ба воридоту фурӯши доруҳои пастсифату муҳлаташон гузашта машғул ҳастанд.

Ҳамин буд, ки санаи 1 сентябри соли 20018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил масъалаи пурра аз муомилот бардоштани маводҳои дорувории пастсифату муҳлаташон гузаштаро бори дигар баррасӣ намуда, дар ин бобат дастуру супоришҳои қатъӣ доданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр намуданд: – “Бояд гуфт, ки масъалаи вобаста ба воридоти доруворӣ боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад. Дар баробари ин, назорати сифати маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ҳанӯз ҳам дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Агар соли 2000 ба кишвар ба маблағи 25 миллион сомонӣ маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ворид гардида бошанд, ин рақам дар соли 2017 қариб ба 450 миллион сомонӣ расидааст, ки 18 баробар зиёд мебошад. Танҳо дар шаш моҳи соли 2018-ум 92 тонна маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишиву гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодаашон гузашта ва бе сертификати мутобиқат нобуд карда шудаанд. Аз гузоришҳо маълум мегардад, ки қисме аз чунин маводи доруворӣ ба тариқи қочоқ ворид ва дар дорухонаҳо ба фурӯш бароварда мешаванд. Мутобиқи иттилои Прокуратураи генералӣ солҳои охир шахсони алоҳидаи воқеӣ ва ҳуқуқӣ бархилофи талаботи қонунгузорӣ, бе иҷозатнома, шаҳодатномаи сифат, бақайдгирии давлатии маводи доруворӣ ва аттестатсияи фаъолияти фармасевтӣ, яъне ғайриқонунӣ ба воридот, содирот, коркард, тайёр намудан, озмоиш ва фурӯши маводи дорувории қалбакӣ ва ба талабот ҷавобгӯ набуда машғуланд. Аз ин лиҳоз, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода мешавад, ки дар масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла доир ба пурзӯр намудани ҷавобгарӣ, бахусус, ҷавобгарии ҷиноятӣ барои воридоту муомилоти маводи дорувории бесифат, қалбакӣ ва муҳлати истифодааш гузашта, қочоқи доруворӣ ва истеҳсолу фурӯши маводи ғайристандартӣ чораҷӯӣ намояд. Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки ҷавобгарии табибон, аз ҷумла дандонпизишкон, кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо барои ба бемориҳои сироятӣ гирифтор намудани шаҳрвандон баланд бардошта шавад. Дорухонаҳое, ки доруворӣ ва маводи тиббии бесифат, муҳлаташ гузашта, қалбакӣ ва бо роҳи қочоқ воридшударо ба фурӯш мебароранд, аз иҷозатнома маҳрум карда, барои чунин амал ҳатто ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шавад”.

Вобаста ба нуктаҳои боло, хостем ба ин масъала рӯшанӣ андозем ва аз вазъи назорат дар самти фаъолияти фармасевтӣ огоҳ шавем. Тавре зимни суҳбат Сардори Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ Маҳмадалӣ Давлатов иттилоъ дод, дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ба маблағи 278 764 202 сомонӣ, ки ба 31 320 172$ баробар мебошад, маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба кишвар ворид карда шудаанд, аз он ҷумла:

– ёрии башардӯстона – 103 733 302 сомонӣ, бо доллар 11 644 330$;

– барои хариду фӯруш – 168 464 026 сомонӣ бо доллар 18 937 546$;

– бо мақсади истифодабарӣ – 6 566 874 сомонӣ бо доллар 738 296$;

Содироти маводи доруворӣ бошад, дар шашмоҳаи соли 2018 ба маблағи 7 641 992 сомонӣ, бо доллар 861 600$ баробар мебошад.

Ҳамзамон қайд гардид, ки ҳангоми санҷишҳо аз муассисаҳои фармасевтӣ ва ду анборҳои ғайриқонунии ҷумҳурӣ 3287 номгӯй маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 404477 адад аз муомилот гирифта шуданд, ки аз инҳо 592 номгӯй маводҳои дорувории муҳлати истифодабариашон гузашта ба миқдори 28661 адад, 2642 номгуй маводҳои дорувории бе сертификати мутобиқат ба миқдори 231481 адад, 53 номгӯй молҳои тиббии ба талаботҳои ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгуй набуда ба миқдори 144335 ададро ташкил мекунад. Қобили зикр аст, ки 50 номгӯй молҳои тиббии ба талаботҳои ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгуй набуда ба миқдори 141832 адад то ба бозори фармасевтӣ баромадан аз ду анбори ғайриқонунӣ дарёфт гардида, гирифта шудаанд.

Инчунин мувофиқи мактубҳои КВД «ЭОМФТ»-и Хадамот бо сабаби ҷавобгӯй набудани маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар вақти воридот ба ҳуҷҷатҳои меёрию техникӣ (ҲМТ) 31 номгуй маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 189 809 адад аз муомилот гирифта шудаанд.

Тибқи иттилои Маҳмадалӣ Давлатов дар шаш моҳи соли 2018 аз тарафи шуъбаҳои сарраёсатҳои назорати давлатии фаъолияти фармасевтии хадамот ва дар вилоятҳо буда 91911 кг маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводҳои ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодабариашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талаботҳо ҷавобгӯй набуда, бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шудаанд.

Зикр гардид, ки аз оғози соли 2018 то имрӯз аз тарафи шуъбаҳои назоратии Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва шуъбаҳои дар вилоятҳо буда дар ҷумҳурӣ зиёда аз 323 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии муассисаҳои фармасевтӣ,  табобатию профилактикӣ ва нуқтаҳои савдои маводҳои ороишию гигиенӣ  тартиб дода шуда, ба маблағи умумии бештар аз 707 250 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд.

Аз далелу рақамҳои овардашуда маълум мегардад, ки ҳанӯз ҳам бархе шахсон манфиати молии худро аз манфиату миллату давлат ва саломатии аҳолӣ боло гузошта, бо ҳар василае мекӯшанд, ба суди кисаи худ ва зиёни ҷони мардум кор кунанд. Аз ин рӯ, на танҳо кормандони соҳаи тандурустӣ, балки тамоми қишрҳои ҷомеа бояд дар назорати фаъолияти фармасевтӣ дар кишвар иштирок намоянд. Ҳар як сокини мамлакатро зарур аст, ки ҳангоми хариди маводҳои доруворӣ ҷиддиву эҳтиёткор бошанд ва дар сурати ошкор намудани маводи дорувории пастифату қалбакӣ ё муҳлаташ гузашта, зуд ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар диҳанд. Итминон дорем, ки ба ин васила масъалаи мазкур ҳар чӣ зудтар ҳалли худро хоҳад ёфт.

Эҳсон ТУРСУНОВ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 738
  • 1,242
  • 949,758