Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идонаи Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идонаи Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт
Сентябр 11
06:17 2018

9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар чорабинии идона шумораи зиёди сокинони пойтахт ва меҳмонони хориҷӣ иштирок намуданд.

Мавриди зикри хос аст, ки сокинони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо комёбиҳои беназир истиқбол гирифтанд. Танҳо давоми як соли охир пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бо бунёди иншооти гуногуни маишӣ, маъмурӣ, истиқоматӣ, гулгашту хиёбонҳо, майдончаҳои варзишӣ, азнавсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайра симои тоза ба бар кард. Ҳамаи ин пешравиҳо бо ҷонибдории мардум аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ва талошҳову тадбирҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба даст омадааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ, сокинони пойтахти кишвари соҳибистиқлоламон ва меҳмононро ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллиамон — бистуҳафтумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори хушҳолӣ карданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ симои пойтахти давлати тоҷикон — шаҳри Душанбе ба куллӣ дигаргун шуда, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорону тоҷирони бонангу номуси он амалҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудааст. Изҳори итминон карда шуд, ки сокинони пойтахт минбаъд низ бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандорӣ корҳои ободониро вусъати бештар мебахшанд ва шаҳри Душанберо ба макони воқеан биҳиштосо, шаҳри зебову пешрафта табдил медиҳанд.

Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи сокинони пойтахтро ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо тандурустиву сарбаландӣ, иқболи нек ва рӯзгори пурфайз орзу карданд.

Тантанаҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт бо барномаи рангину пурмӯҳтавои консертии устодони санъат ва ҳунармандон, ки таҷассумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар буд, хушу хотирмон идома ёфт.

Incorrect URL attribute defined

khovar.tj

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 911
  • 1,242
  • 949,931