Изҳори тасаллият

Изҳори тасаллият
Сентябр 24
07:26 2018

Кормандони Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар даргузашти Сардори  Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ Шехов Абдукарим Ҷалолович, сахт андўҳгин буда, ба наздикон ва пайвандони марҳум аз даргоҳи иллоҳӣ сабри ҷамил хоҳонанд. Рўҳашон шоду хонаи охираташон обод бошад.

                                          Ҳ О Л Н О М А

Шехов Абдукарим Ҷалолович, санаи 10 марти соли 1959 дар деҳаи Гулободи совети қишлоқи Меҳнатободи ноҳияи Восеъ ба дунё омада, аз соли 1966 то 1974 мактаби миёнаро дар ноҳияи Восеъ  хатм намудааст. Баъди хатми  синфи ҳаштум дар омўзишгоҳи тиббии шаҳри Кўлоб дохил шуда, онро соли 1977 бо ихтисоси дорусоз хатм намуд. Фаъолияти кориашро Соли 1977-1978 дар дорухонаи №72- и ноҳияи Восеъ ба ҳайси дорусоз ба роҳ монд. Соли 1978-1980 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ хизмат намуда, баъд аз адои хизмат соли 1980 ба факултаи педиатрияи Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ Ибни Сино дохил шуда,   соли 1986 онро хатм намуд.

Соли 1986-1987 курси интернатураро дар базаи клиникаи ҷарроҳии кўдаконаи Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон хатм карда, соли 1987 бо роҳхати комиссияи тақсимоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Совет (ҳозира Темурмалик) то соли 1991 ба ҳайси духтури ҷарроҳи кўдакона фаъолият намуд.

Соли 1991 то 1993 курси пурраи Ординатураро дар базаи клиникаи ҷарроҳии кўдаконаи Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ Ибни Сино гузашт. Аз соли 1993-1996 ба ҳайси духтури ҷарроҳи кўдакона дар Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявӣ ба номи А.М.Дяков (Ҳозира Маркази милии тиббӣ), ҳамчун мудирии шуъбаи ҷарроҳии кўдакона фаъолият намуда, баъдан солҳои 1996-1997 ҷонишинии аввали сардухтури беморхонаро ба ўҳда дошт.  Соли 1997-2000 духтури шўъбаи тарако-обдоминалӣ дар беморхонаи номбурда, фаъолят намуда, солҳои 2000 то 2004  ҷонишини сардухтур оиди кўдакон фаъолят намудааст.

Аз соли 2004 то 2006 ба ҳайси сармутахассиси Маркази лоиҳаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, баъдан аз соли 2006 то 2009 директори Маркази лоиҳаи мазкурро ба ўҳда дошт. Соли 2009 то 2011 Директори Маркази ҷумҳуриявӣ мубориза бар зидди бемориҳои сил, соли 2011 то 6 январи соли 2014 Директори  Маркази милии тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои вазифа намудааст. Аз 6 январи соли 2014 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ таъин гардид.

Ў дар тўли фаъолияти пурсамари меҳнатиаш, ҳамчун номзади илми тиб бо унвонҳои фахрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст:

–  унвони фахрии «Аълочии тандурустии Тоҷикистон»;

–  медали «Хизмати шоиста»;

– нишони сарисинагии «Аълочии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ»;

– унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон»;

 

Абдукарим Ҷалолович, дар давоми умри кўтоҳ ва пурбаракати худ, тавонистааст дар дилу дидаи мардум ва роҳбарону коргарон, ҳамчун шахси далеру шуҷоъ, меҳнаткашу меҳрубон ва ғамхору дилсўзимардумнақш бандад. Аз хотираҳои нек ва самимияти ин шахсияти наҷиб соатҳо ҳарф занем кам аст фақат мегўем, рўҳашон шоду хонаи охираташон обод бошад. Дар дилу дидаи мо коллективи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ абадан боқӣ хоҳад монд.

Зиндаю ҷовид монд,

ҳар кӣ накўном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр

зинда кунад номро…

Ёдаш

Ба             Хайр !!!

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 970
  • 1,242
  • 949,990