Вохурии кормандони соҳаи тандурустӣ бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

Вохурии кормандони соҳаи тандурустӣ бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия
Сентябр 24
17:02 2018

Имрӯз дар толори маҷлисии бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани “Стратегияи муковимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ” ҷамъомад баргузор гардид.
Рафти баргузории ҷорабинии мазкурро Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари намуда, дар кори он Нигора Муқимӣ, Сардори раёсати дуюми сарраёсати пешгирии корупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Султон Бекмуродзода, сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва намояндагони муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар оғози ҷорабинии мазкур Саида Умарзода вобаста ба ҷой доштани ҳолатҳои коррупсионӣ миёни кормандони соҳаи тандурустӣ изҳори нигарони намуда, хизмати софдилонаву содиқона ба халқу ватанро вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи тандурустӣ дониста, вобаста ба масоили мафҳуму моҳияти коррупсия, зуҳуроти номатлуби он дар ҷомеа ва зарари манфӣ доштани он дар пешрафту шукуфоии давлат муфассал суханронӣ намуд.
Дар рафти баргузории чорабинӣ Нигора Муқимӣ, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, зимни суханронии хеш оид ба ҳолатҳои коррупсионӣ ва роҳҳои мубориза алайҳи ин зуҳурот, инчунин дар самти амалисозии “Стратегияи муковимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ” корҳои пешгирии коррупсионӣ дар байни кормандони тиб ибрози назар намуд.
Зимни баромадҳо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ ва хисороту хислатҳои манфии ин зуҳурот ба ҷомеа ва давлат ба иштирокчиён маълумоти муфассал доданд.
Дар охири чорабинӣ ба сардорони раёсату шуъбаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва намояндагони муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати татбиқи “Стратегияи муковимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ” ва решакан намудани ҳолатҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ тадбирҳои амалиеро рӯи даст бигиранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 712
  • 1,242
  • 949,732