Дастовардҳои соҳаи тандурустӣ дар вилояти Хатлон назаррас аст

Дастовардҳои соҳаи тандурустӣ дар вилояти Хатлон назаррас аст
Октябр 10
14:44 2018

Чанде қабл дар толори маҷлисгоҳи Беморхонаи клиникии ба номи Воҳидов, воқеъ дар шаҳри Бохтар вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  ва зерсохторҳои он ҷиҳати ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар 9 моҳи соли 2018 ва тартиб додани нақшаҳои минбаъдаи соҳавӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Рафти баргузории чорабинии мазкурро Мирҳумиддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарї намуда, дар кори он Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, Саъдулло Маллазода, сардори Раёсати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, роҳбарият ва намояндагони муассисаҳои зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок намуданд.

Дар рафти баргузории ҷамъомад зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ кормандони Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  ҷиҳати иҷрои дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва глобалии замони муосир, инчунин ҷиҳати устувории заминаҳои моддию техникии иншооти тандурустӣ, дастрасии аҳолӣ аз хизматрасонии сифатноки тиббӣ ва таъмини амнияти санитарии қаламрави вилоят пайваста тадбирҳои судманд анҷом дода, дар ин самт ба як қатор дастовардҳо низ ноил гаштаанд.

Бунёд гардидани як қатор бунгоҳҳои тиббӣ дар вилоят, ба қадри зарурат таъмин гардидани муассисаҳои тандурустӣ бо лавозимоти тиббӣ ва таъмини кадрӣ яке аз дастоварди соҳа дар ин давра ҳисобида мешавад.

Ба роҳ мондани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар муассисаҳои тандурустии вилоят, таъмиру тармим гардидани беморхонаҳо, зиёд шудани марказҳои хусусии тиббӣ ва татбиқи ҳукумати электронӣ дар муассисаҳои тибби вилоят дастовардҳои дигари Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар давраи ҳисоботӣ дониста мешавад.

Дар охири ҷаласа   вобаста ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар соҳа ба   роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилоят, менеҷерони сохтори госпиталӣ ва шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои вилоят дастур ва супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 997
  • 1,242
  • 950,017