Сифати таълим дар Донишгоҳи тиббӣ талаботи замон аст

Сифати таълим дар Донишгоҳи тиббӣ талаботи замон аст
Июл 16
09:52 2020

Имрӯз, 16 июли соли равон нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино баргузор гардид, ки дар он  роҳбарияти донишгоҳ ва доираи васеи рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳи мазкур Маҳмадшоҳ Гулзода нишасти матбуотиро оғоз бахшида, оид ба фаъолияти ин даргоҳи таълимӣ дар нимсолаи якуми соли 2020 маълумот дод.

Номбурда зимни суханронии хеш иброз намуд, ки дастгириву ғамҳориҳои Пешвои маорифпарвари тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо нерӯву тавоноӣ бахшида, водор месозад, ки ворисони воқеии абармардони илми тиб, аз ҷумла Абӯалӣ ибни Сино бошем ва вазифадорем, ки кадрҳои баландихтисос тарбия намуда, дар рушди илми тибби муосир низ мавқеи худро нигоҳ дошта тавонем.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки дар самаранокии фаъолияти донишгоҳи мазкур, таъмини фазои мусоиди корӣ ва дигар ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоии донишгоҳ нақши Ҳукумати шаҳри Душанбе таҳти сарварии муҳтарам Рустами Эмомалӣ  низ хеле назаррас мебошад.

Иттилоъ дода шуд,  ки дар давраи ҳисоботӣ баҳогузории натиҷаи таҳсили донишҷӯёни донишгоҳ ба тариқи барномаҳои автоматикикунонидашудаи компютерӣ амалӣ карда шуд, ки баҳогузорӣ феълан дар назди донишҷӯ бе дахолати ғайр сурат мегирад. Ин ҳам яке аз дастовардҳои намоёни донишгоҳ дар ҷараёни таълим ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, соли 2020 барномаҳои автоматикикунонидашудаи компютерӣ такмил дода шуда, қабули имтиҳонҳои хаттӣ низ тариқи барномаҳои автоматикикунонидашудаи компютерӣ ба роҳ монда шуд.

Айни замон дар асоси Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  ба номи Абӯалӣ ибни Сино таълим аз рӯйи 5 ихтисос: «Кори табобатӣ», «Педиатрия», «Ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа», «Стоматология» ва «Фарматсия»  мутахассис омода менамояд.  Инчунин, дар донишгоҳ аз рӯи 39 ихтисос таҳсилоти баъдидипломӣ – таҳсил дар зинаи интернатура, ординатураи клиникӣ, ихтисосгирии аввалия, магистратура, аспирантура, PhD, докторантура ба роҳ монда шудааст.

Раванди таълим ба пуррагӣ бо маводи таълимӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин буда, донишҷӯён аз китобхонаи донишгоҳ адабиёти таълимиро ба пуррагӣ дастрас менамоянд. Фонди умумии китобхонаи донишгоҳ дар нимсолаи аввали соли 2020 672 ҳазору 786 нусхаро ташкил медиҳад, ки аз он 423 ҳазору 376 нусха (62,9%) адабиёти чопии таълимӣ, илмӣ, бадеӣ ва 249 ҳазору 410 нусха (37,1%) захираҳои электронӣ мебошанд.

Дар маҷмӯъ, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  ба номи Абӯалӣ ибни Сино раванди таҳсил бо истифода аз технологияи муосири таълимӣ ва иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ба роҳ монда шуда, донишҷӯёну муҳассилини баъдидипломӣ бо китобҳои дарсӣ, технологияи иттилоотӣ ва маводҳои аёнии таълимӣ ба пуррагӣ таъмин мебошанд.

Теъдоди умумии муҳассилин дар донишгоҳ 12106 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 10509 нафарашон донишҷӯён буда, шумораи муҳассилини баъдидипломӣ аз 1117 нафар иборат аст, ки аз онҳо 219 нафар дар магистратура, аспирантура, PhD, докторантура ва 898 нафар дар интернатура, ординатураи клиникӣ таҳсил мекунанд. Инчунин, 412 нафар дар  Маркази омодагии қаблӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Шумораи муҳассилини хориҷӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба  номи Абӯалӣ ибни Сино низ дар ҳоли афзоиш буда, айни замон дар донишгоҳ 1553  нафар муҳассилини хориҷӣ аз 14 давлати дунё таҳсил карда истодаанд,

Дар донишгоҳ ҷараёни таълим, баҳодиҳӣ ва натиҷагирии сифати таълим тибқи талаботҳои стандартҳои байналмилалӣ бо истифодаи васеи технологияи муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ба роҳ монда шудааст. Дар донишгоҳ LMS (системаи электронии идоракунии таълим) ва шабакаи интернетии дохилидонишгоҳӣ фаъолият мекунанд ва ҳар як донишҷӯ кабинети инфиродии худро дорад, ки ба он ворид шуда, ҳамаи маводҳои таълимӣ, маълумотҳои зарурӣ ва натиҷаи рейтингҳою имтиҳонҳои худро аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе тариқи электронӣ дастрас мекунад. Волидайни донишҷӯён низ метавонанд ба кабинети инфиродии фарзандонашон шомил шуда, ҳамарӯза аз натиҷаи таҳсили фарзандонашон хабардор шаванд.

Дар донишгоҳи мазкур баҳри баргузории имтиҳонҳову санҷишҳо ва натиҷагирии онҳо шаффофият ба пуррагӣ таъмин гардидааст. Қабули имтиҳонҳову санҷишҳо ва баҳодиҳӣ ба дониши донишҷӯён дар Маркази ягонаи тестии донишгоҳ тариқи барномаҳои компютерӣ ба роҳ монда шудааст, ки шаффофият ва аз байн бурдани таъсири омилҳои инсониро ба баҳодиҳии натиҷаи таҳсил таъмин менамояд. Баҳогузорӣ феълан дар назди донишҷӯ мустақиман бе дахолати ғайр сурат гирифта, барои беҳтар гардидани сифати таҳсил ва ҷалбу таваҷҷӯҳи донишҷӯён ба китобхонию илмомӯзӣ нақши калидӣ мебозад. Роҳбарияти донишгоҳ тамоми кушишҳоро баҳри комилан мувофиқ баҳогузорӣ намудани донишу малакаи донишҷӯён равона намудааст. Дар давраи ҳисоботӣ низ баҳри боз ҳам мукаммал намудани ин система чораҳои иловагӣ андешида шуда, меъёрҳои нав ҷорӣ карда шуданд.

Таҳлили натиҷаи сессияҳои имтиҳонӣ дар донишгоҳ нишон дод, ки дар маҷмӯъ сатҳу сифати донишандӯзии донишҷуён беҳтар шуда, дар сессияи имтиҳонии зимистона сифати таълим 38,3% ва дараҷаи дарсазхудкунӣ  93,9%-ро ташкил дод. Нисбат ба ҳамин давраи соли таҳсили гузашта сифати таълим 1,2% ва дараҷаи дарсазхудкунӣ 6,6% беҳтар шудааст. Дар сессияи имтиҳонии тобистона сифати таълим 35,4%  ва дараҷаи дарсазхудкунӣ  83,2%-ро ташкил дод. Нисбат ба ҳамин давраи соли таҳсили гузашта сифати таълим 1,1% ва дараҷаи дарсазхудкунӣ 2,0% беҳтар шудааст.

Таҳлили натиҷаи имтиҳони хатми давлатӣ нишон дод, ки дар соли таҳсили 2019-2020 98,8%-и хатмкунандагон донишгоҳро бомуваффақият хатм намуданд ва сифати таълими хатмкунандагон дар сатҳи баланд қарор дошта,  53,1%-ро  ташкил дод.

Дар маҷмӯъ, донишгоҳро 1493 нафар, аз ҷумла 59 (3,9%) нафар бо дипломи аъло, 123 нафар тибқи квотаи Президентӣ, 180 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз 7 кишвари ҷаҳон хатм намуданд.

Инчунин, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар доираи таҳсилоти баъдидипломӣ барои баланд бардоштани маҳорати касбии табибони ҷумҳурӣ низ саҳми арзанда мегузорад.

Дар нисолаи аввали соли 2020 351 нафар шунавандагон (табибон ва омӯзгорон) аз курсҳои такмили ихтисос ва ихтисосгирии аввалия гузаштанд. Аз ҷумла, такмили ихтисоси педагогӣ-102 нафар, такмили ихтисоси тахассусӣ-186 нафар, ихтисосгирии аввалия – 63 нафар мебошанд.

Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни сазовори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори роҳбарияти донишгоҳ як қатор корҳои таъмирӣ, ободонию кабудизоркунии боғу гулгаштҳо дар ҳудуди биноҳои таълимию маъмурӣ, хобгоҳҳо ва заминҳои назди донишгоҳ ва шаҳри Душанбе ба сомон расонида шуда, корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 850
  • 989
  • 887,215