Рӯзи байналмилалии маъюбон таҷлил мегардад

Рӯзи байналмилалии маъюбон таҷлил мегардад
Ноябр 27
07:45 2018

Ба наздикӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии техникӣ ва молиявии Филиали Ассотсиатсияи Каритас Олмон дар Тоҷикистон чорабинии иттилоотӣ, фарҳангӣ ва варзишиеро бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон, ки ҳамасола 3-юми декабр ҷашн гирифта мешавад, дар бинои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб баргузор кард, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ, истиқоматкунандагони шаҳри Кӯлоб, алалхусус, шахсони дорои маъюбият ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур бо намоиши аксҳои манфиатбарандагони лоиҳаҳои татбиқнамудаи  ташкилотњои давлатї ва љамъиятї, ҳунарҳои мардумӣ, алалхусус, маҳсулоти дасти шахсони маъюб, таҷҳизоти техникии тавонбахшӣ, бозичаҳои кӯдаконаи инкишофдиҳанда, ки аз тарафи волидони кӯдакони дорои маъюбият тайёр карда шудаанд ва маводи илмию таълимӣ ва иттилоотии муассисаҳои таълимӣ ва пажӯҳишгоҳҳое, ки дар самти тайёрии касбии кормандони иҷтимоӣ ва тавонбахшии иҷтимоии маъюбон фаъолият менамоянд, оғоз гардид. Дар ҳошияи намоишгоҳ ҳамчунин бозиҳои нақшофаринӣ роҷеъ ба ташаккули ҳисси тоқатпазирӣ ва таҳаммул нисбати шахсони дорои маъюбият ва саволу ҷавоб (викторина) дар мавзӯи “Дар бораи маъюбият ва кормандони иҷтимоӣ чиро медонем?” бо иштироки фаъоли донишҷӯён гузаронида шуданд.

Сипас, бо мақсади тарғибу ташвиқи варзиш дар миёни шахсони маъюб ва нишон додани қобилиятҳои варзишии шахсони дорои маъюбият, мусобиқаҳои рафиқонаи варзишӣ аз рӯи намудҳои дастхобонӣ ва баскетбол бо аробачаи маъюбӣ бо иштироки дастаҳои баскетболи маъюбони шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар доир гардида, иштирокчиён бо тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон, дар ҷамъомади илмӣ-амалӣ, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, донишгоҳҳо ва ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ дар мавзӯъҳои вазъи низоми тайёрии касбӣ дар самти кори иҷтимоӣ, фаъолияти корманди тавонбахшӣ дар Барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал, фаъолияти корманди иҷтимоӣ дар марказҳои тавонбахшии рӯзона, фаъолияти Маркази захиравӣ-машваратии таҳсилоти фарогир дар назди кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва фаъолияти корманди иҷтимоӣ дар гурӯҳҳои бозии кӯдакон ва модарон маърӯзаю презентатсияҳо карданд. Қайд гардид, ки беҳтар кардани некӯаҳволии шахсони маъюб ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, қабули «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020», баимзорасонии Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид “Дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон” ва таъкиди тайёр намудани кадрҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 шаҳодати гуфтаҳои болост. Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади тайёр намудани кормандони иҷтимоӣ, соли оянда, дар назди кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб шӯъбаи кори иҷтимоӣ кушода хоҳад шуд. Дар ҷараёни чорабинї ҳамчунин наворҳо дар бораи қиссаҳои муваффақияти шахсони дорои маъюбият намоиш дода шуданд.

Чорабинии мазкур, ки ҳадафи асосии он вусъат додани таваҷҷӯҳ ва ташаккули муносибати мусбат ва ҳисси эҳтиром нисбати шахсони дорои маъюбият ва мутахассисони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ бо роҳи баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон ва омӯзгорон дар бораи муваффақиятҳо ва дастовардҳои шахсони дорои маъюбият ва саҳми мутахассисони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, аз он ҷумла кормандони иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ, омӯзгорони иҷтимоӣ, равоншиносон, мутахассисони нутқ ва ғайра дар рушди қобилиятҳои шахсӣ ва таҳкими сифати зиндагии шахсони дорои маъюбият  буд, бо барномаи консертӣ бо иштироки мутрибону сарояндагони дорои маъюбият ва бо супоридани тӯҳфаҳои хотиравӣ анҷом ёфт.

Бояд зикр кард, ки чорабинии мазкур дар чорчӯбаи лоиҳаи сесола оид ба “Таҳкими низоми тайёрии касбӣ дар соҳаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал ва ниҳодҳои қаблан таъсисёфта дар Тоҷикистон”, ки аз тарафи Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) маблағгузорӣ шуда, тавассути Каритас Олмон дар ҳамкории зич бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, созмон дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 963
  • 1,242
  • 949,983