Табрикоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бахшида ба ҷашни Наврӯз

Табрикоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бахшида ба ҷашни Наврӯз
Март 21
10:31 2023
Дар ин рӯзҳои пурнишоту идона тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистони азизро ба Наврӯзи хуҷастапай самимона табрику таҳният гуфта, орзумандам, ки дар хонадони ҳар кадоми онҳо сулҳу оромӣ, хотирҷамъиву осоиштагӣ ва хушбахтиву бахту саодат ҳамеша пойдор бошад. Бигзор Наврӯзи хуҷастапай бо қудуми нек ва файзбораш ба хонадони ҳар тоҷику тоҷикистонӣ файзу баракат, нишоти ҳамешагӣ ва хушбахтиву саодат биоварад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз гуфтаанд: “Ҷаҳонишавии Наврӯз дар марҳалаи нави таърихи давлатдории мо имкон фароҳам овард, то мардуми олам бо такя ба фитрату сиришти ин ҷашни қадима аз ҳар ҷиҳат ба он бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, зеро муҳтавои Наврӯз танҳо марбут ба қаламрави зуҳури он набуда, балки суннату анъанаҳои неку созандаи он метавонанд ҳамчун омили муҳими ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният хизмат мекунад”.
Дар воқеъ, Наврӯз аз рӯйи мазмун, моҳият ва номи зебояш ба мардуми тоҷик иртиботи ногусастанӣ доштаву дар фарҳанг ва забони дигар халқу миллатҳо мавқеи хешро пайдо намуда, имрӯз дар тамаддуни башарият мақоми махсусро соҳиб гардидааст.
Маҳз бо дарназадошти аҳамияти иттиҳодиву дӯстӣ ва ваҳдату якдилӣ дар байни миллатҳои олам доштанаш Наврӯз соли 2010 бо ташаббуси роҳбарони давлатҳои ҳавзаи Наврӯз, ки саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар ин иқдом бузург аст, аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ пазируфта шуд, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозии мост.
Наврӯз дар баробари дигар фазилатҳои некаш, инчунин ҷашни некиву накукорӣ, дӯстиву иттиҳодӣ ва ободиву созандагӣ мебошад.
Гузаштагони мо Наврӯзро ҳамчун ҷашни офариниши инсон ва табиат унвон намуда, чунин меҳисобиданд, ки олам дар рӯзи Наврӯз офарида шудааст ва ба ҳамин хотир ин падидаи бузурги табиатро азизу муътабар медонистанд.
Яке аз фазилатҳои Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ, сабзгардониву парвариши ниҳол ва бунёди боғҳо мебошад, ки ин анъана дар тамоми мамолики таҷлилкунандаи иди Наврӯз риоя ва амалӣ карда мешавад. Боиси сарфарозист, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми заҳматкаш ва меҳнатқарини Тоҷикистон дар баробари эҳё намудани анаъана ва суннатҳои неки наврӯзӣ, садҳо боғи нав бунёд намудаву миллионҳо ниҳолу гул мешинонанд. Аз ҷумла, танҳо дар шаҳри Душанбе дар як муддати кӯтоҳ бунёд гардидани чандин боғҳои зебову замонавӣ гувоҳи он аст, ки мардуми тоҷик ба бунёди боғ ва шинонидани ниҳолу гулҳо таваҷҷуҳи махсус дошта, дӯстдори табиат ва зебоӣ мебошад.
Боиси хушнудист, ки аз Наврӯз то Наврӯз дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мардуми шарафманди кишвари азизамон рӯйдодҳои муҳими фаромушнашаванда ба вуҷуд меоянд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои оқилу донои хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Наврӯз то ба Наврӯз ба дастовардҳои муҳим ноил мегардад, ки ин гувоҳи сиёсати бобарор ва муваффақонаи Сарвари давлат мебошад.
Махсусан, аз Наврӯз то Наврӯз бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи тандурустии кишвар пешравиҳои чашмрас ба вуҷуд омадаанд. Дар ин муддат бо дастгирии давлат ва Ҳукумати кишвар, махсусан Пешвои муаззами миллат дар гӯшаву канори мамлакат муассисаҳои зиёди тандурустӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд. Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи тандурустӣ диққати махсус зоҳир намуда, сол то сол маблағгузориро дар ин самт бештар мекунад.
Мо мардуми Тоҷикистон имрӯз шукронаи онро мекунем, ки дар чунин давлати ободу ором умр ба сар мебарем. Тоҷикистон барои мо ҳамчун модар азиз ва муқаддас аст ва онро ҳамчун гаврҳараки чашм нигоҳ хоҳем дошт.
Наврӯз, ки эҳсоси якдигарфаҳмӣ, дӯстиву бародарӣ ва анҷоми корҳои ободониву созандагиро дар қалби мардуми олам бедор мекунад, бигзор то абад поянда бошад.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба иди Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, ба ҳар кадоми онҳо саломативу сарбаландӣ, бахту иқбол, пирӯзӣ, дили беғам ва хонаи ободро орзумандам.
Ҷашни Наврӯз муборак, ҳамватанони азиз!

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 35
  • 989
  • 887,389