Ҷаласаи корӣ дар ҳошияи Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи корӣ дар ҳошияи Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон
Январ 23
10:12 2019

Санаи 22 январи соли равон дар ҳошияи Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 21 январи соли равон  бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гашт, дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазир Олимзода Насим Хоҷа ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур сардорони Раёсат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ иштирок намуданд.

Олимзода Насим Хоҷа, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтасар суханронӣ  кард.

Ӯ иброз намуд, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси навбатии Ҳукумат доир ба хизматрасонии иҷтимоӣ, махсусан, масъалаҳои нафақаи маъюбӣ эрод гирифта, оид ба ҳалли масъалаҳои  кӯмаки аввалияи тиббӣ, одоби муоширати табибон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО супоришҳои мушаххас доданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин доир ба саривақт расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ, муоширати табиб бо бемор, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа ибрози андеша намуда, ба роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ супориши қатъӣ дод, ки бояд ин масъалаҳо ҳалли саривақтии худро ёбанд. Махсусан, ёрии фаврии тиббӣ, ки  ройгон мебошад, барои маблағгузории он дар шаҳру ноҳияҳо бо мақомоти иҷроияи маҳаллӣ низ бояд ҳамкорӣ кард, то ки ҳама муассисаҳои тандурустие, ки ба кӯмаки аввалия машғуланд, бо доруворӣ ва маводи тиббӣ таъмин бошанд.

Инчунин доир ба корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, гузаронидани шанбегиҳо ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар охири ҷаласа аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сардорони Раёсат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар  доир ба  бартараф намудани камбудиҳои мавҷудаи соҳа ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, кӯмаки фаврии ройгони тиббӣ, гузаронидани хатнаи кӯдакон ба таври ройгон, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва фавти модару кӯдак, пешгирӣ намудани воридоти маводи дорувории пастсифат, муоинаи даъватшудагон ба хизмати ҳарбӣ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, саривақт ҷавоб додан ба муроҷиатҳои шаҳрвандон ва дигар масъалаҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 906
  • 1,242
  • 949,926