Маркази хизматрасонӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар ноҳияи Рӯдакӣ

Маркази хизматрасонӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар ноҳияи Рӯдакӣ
Март 20
09:35 2019

Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи иҷтимоӣ, махсусан, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла, самти хизматрасонии иҷтимоӣ таъмин гардида истодааст.

Мавриди зикр аст, ки агар пеш аз замони истиқлолият ҳамагӣ 6 муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ фаъолият дошта бошанд, ҳоло ба шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон танҳо дар системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 97 муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ баҳри пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ ба шахсони осебпазир фаъолият доранд.

Дар партави сиёсати Ҳукумат ва бо идомабахшӣ ба анъанаҳои неки аҷдодон ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ, махсусан Наврӯзи хучастапай дар сар то сари кишварамон садҳо иншооти гуногун бунёд ва ба истифода дода мешаванд.

Ин иқдоми накӯ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳаракат” зери роҳбарии ҷавонмарди боғайрат Ҳайдаров Иқболҷон Сафархӯҷаевич идома ёфта, як бинои мӯҳташам, ки барои тавонбахшӣ ва барқарорсозии солимии кӯдакони имконияташон маҳдуд пешбинӣ шудааст, рӯзи 19 март ба истифода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок намуда, иқдоми бунёди маркази хизматрасонии иҷтимоиро шодбош гуфта, изҳор дошт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки тавассути ҳамкории пайваста ҷиҳати  ворид намудани усулҳои инноватсионии тавонбахшӣ ба фаъолияти Маркази мазкур, расонидани кумакҳои методӣ ва баландбардории сатҳи донишҳои кормандони Марказ мусоидат намуда, ҷиҳати таъмини устувории фаъолияти он тадбирҳои мушаххас андешад.

Бояд зикр намуд, ки тавассути ҳимматбаландӣ ва кӯшишҳои роҳбари ташкилоти мазкур, ки худ низ дорои маъюбият мебошад, имкон пайдо гардид, ки сафоратхонаи Ҷумҳурии Австрия дар Федератсияи Россия иқдоми бунёди бинои нав барои тавонбахшии кӯдакони имконияташон маҳдудро дастгирӣ намуда, ба маблағи 400 000 сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ ҷудо намудааст. Ғояи бунёди бинои маркази хизматрасонии иҷтимоӣ аз ҷониби шарики рушди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Шуъбаи Опрейшн Мерсӣ дар Тоҷикистон, ки ҳамкори бевоситаи Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳаракат” дар ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, низ дастгирӣ ёфт ва аз ҷониби он ба маблағи 50 000 сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ дастрас гардид. Ин амалҳои хайрхоҳонаро мардуми баору номуси деҳа ва шахсони саховатпеша дастгирӣ намуда, дар ҳаҷми 30 000 сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ дастрас намуданд. Дар ниҳоят, як иншооти ба талаботи замон ҷавобгӯ бунёд гардид. Иншооти мазкур дорои 15 ҳуҷраи корӣ, тавонбахшӣ ва ёрирасон, ҳамчунин, боғи зимистона буда, барои фарогирии 126 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд дар давоми сол пешбинӣ гардидааст. Дар бинои дуюм, ки Маркази таълимӣ ва омӯзишӣ ном гирифтааст, дар як баст 10 нафар бонувон ва 8 нафар ҷавонони  дорои маъюбият касби дӯзандагӣ ва  компютериро аз худ хоҳанд кард. Дар давоми сол бошад, касбомӯзии 78 нафар ба нақша гирифта шудааст.

Ташкили чунин Марказ дар баробари ҳалли мушкилоти тавонбахшию касбомӯзии шахсони дорои маъюбият, ҳамчунин, ба масъалаи ташкили ҷойҳои нави корӣ низ мусоидат хоҳад кард. Дар ин Марказ 23 нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин мегарданд.

Ташкилоти ҷамъиятии мазкур бо дастгирии молиявии Шуъбаи Опрейшн Мерсӣ дар Тоҷикистон дар 3 ҷамоати деҳоти ноҳия-Чоргултеппа, Сарикиштӣ ва Гулистон фаъолияти босамар дорад ва  аз хизматрасонии иҷтимоии ин Марказ ҳамаи кӯдакони имконияташон маҳдуди ҷамоатҳои мазкур ва дигар ҷамоатҳои ноҳия низ истифода бурда, саломатияшонро барқарор хоҳанд кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 635
  • 1,242
  • 949,655