«Абӯалӣ ибни Сино – табиб ва файласуфи тоҷик»: Таҳти чунин унвон дар «Китобхонаи ҷумҳуриявии илмию тиббӣ» семинари илмӣ-оммавӣ баргузор гардид

«Абӯалӣ ибни Сино – табиб ва файласуфи тоҷик»: Таҳти чунин унвон дар «Китобхонаи ҷумҳуриявии илмию тиббӣ» семинари илмӣ-оммавӣ баргузор гардид
Август 17
07:13 2022

Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи ҷумҳуриявии илмию тиббӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тибби Тоҷикистон ва 31-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-оммавӣ таҳти унвони «Абӯалӣ ибни Сино – табиб ва файласуфи тоҷик» бо иштироки олимону коршиносони соҳа ва кормандони муассиса доир гардид.

Семинарро директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи ҷумҳуриявии илмию тиббӣ» Аминов Фирдавс ифтитоҳ намуда, кормандони соҳаи тибро ба ин рӯзи таърихӣ таҳният намуд.

Дар семинар академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ, доктори илмҳои физика-математика, профессор, Абдулҳай Комилӣ, ходими калони илмии Маркази Синошиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Махшулов Муҳаммадсалом, ходими калони илмии Маркази Синошиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илми фалсафа, Маҳмадуллоев Саидбек, устоди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Арбобзода Муқаддам Қурбоналӣ, сардори Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», Аюбов Ҳайдаралӣ ва кормандони  муассиса иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар охири чорабинӣ иштирокчиён доир ба ҳаёт ва фаъолияти Абӯалӣ ибни Сино андешаҳои худро иброз намуда, ҳамзамон, аз тариқи баҳсу муколама ба суолҳои худ посух гирифтанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 575
  • 1,242
  • 949,595