Абдуҷаббор Раҳмонзода: дар соҳаи тандурустии кишвар беҳбудӣ ба назар мерасад

Абдуҷаббор Раҳмонзода: дар соҳаи тандурустии кишвар беҳбудӣ ба назар мерасад
Июн 24
15:09 2019

Чанде қабл дар назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бо иштироки муовинони раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи васеи корӣ доир гардид.

Дар ҷаласа Абдуҷаббор Раҳмонзода доир ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, омодагӣ ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маъракаҳову чорабиниҳои сатҳи давлативу ҷумҳуриявӣ суханронӣ намуд.

Аз ҷумла ӯ зимни суханронии хеш қайд намуд, ки дар соҳаи тандурустии кишвар беҳбудӣ ба мушоҳида расида, дар бисёр шаҳру ноҳияҳо бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ, беморхонаҳо, дармонгоҳҳо сохта ба истифода дода шуда истодаанд. Шиддати бемориҳои сироятӣ паст рафта, фавти модару кӯдак кам шуда, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маротиб боло рафта истодааст. Дар ин бора Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки “Дар соҳаҳои иҷтимоӣ тамоюлҳои мусбат идома пайдо карда, аз ҷумла нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ ба 75 сол расид ва фавти модару кӯдак дар муқоиса бо соли 1998 мутаносибан 2,1 ва 2,6 баробар паст гардид”. Дар ҳақиқат ин нишондиҳандаҳои мусбат моро муаззаф менамоянд, ки боз ҳам бештар фаъолият намоем ва ба комёбиҳои бештар насиб гардем”.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода  дар идомаи суханронии хеш  гуфт, бо вуҷуди пешравиҳои соҳа яке аз масъалаҳое, ки дар соҳаи тандурустӣ нигаронкунанда боқӣ мемонад, вазъи ташвишовари вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) мебошад. Аз шумораи умумӣ 64,8 фоизро мардон ва 35,2 фоизро занон ташкил дода, бо роҳи гузариши алоқаи ҷинсӣ 54,9%, бо роҳи тазриқӣ 33,0%, аз модар ба кӯдак 4 фоиз, бо роҳи номаълум 8,1 фоиз сироят ёфтаанд.

-Аз ин рӯ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо корҳоро дар ин самт боз ҳам таҳким бахшанд ва ҷиҳати пешгирии ин бемории сироятӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

Яке аз роҳҳои паст намудани шиддати паҳншавии сирояти мазкур, баланд бардоштани сатҳи иттилоотии аҳолӣ маҳсуб меёбад. Корҳои анҷомдодаи мақомоти ваколатдор, аз ҷумла корҳои иттилоотонии шаҳрвандон дар ин самт нокифоя мебошад

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бояд якҷо бо Кумитаи телевизион ва радио ҷиҳати ба навор гирифтани роликҳо ва пахши мунтазами онҳо тавассути шабакаҳои телевизионӣ тадбир андешад,-таъкид намуд ӯ.

Дигар аз проблемаҳои соҳаи тандурустӣ, ки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ин ҷаласа боиси нигаронӣ арзёбӣ намуд, вазъи ташвишовари бемории нашъамандӣ ба ҳисоб меравад.

Бино ба гуфти ӯ, дар натиҷаи таҳлили ҳисоботҳои пешниҳоднамудаи муассисаҳои табобатӣ маълум карда шуд, ки шумораи умумии нафарони гирифтори бемории нашъамандӣ, ки дар қайди тахассусӣ меистанд, дар се моҳи соли 2019, дар ҷумҳурӣ 5808 нафарро ташкил дода, 64 ҳолати он бори аввал ба қайд гирифтани бемории нашъамандӣ мебошад.

“Дар ин самт низ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва иттилоотонии аҳолӣ оид ба оқибатҳои манфии нашъамандӣ, алалхусус байни ҷавонон кам ба назар мерасанд. Вазорат бояд якҷо бо кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешад”,-таъкид кард Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 730
  • 1,242
  • 949,750