Марказҳои саломатӣ – тӯҳфаи идона ба сокинони ноҳияҳои Масчоҳ ва Ҷаббор Расулов

Марказҳои саломатӣ – тӯҳфаи идона ба сокинони ноҳияҳои Масчоҳ ва Ҷаббор Расулов
Сентябр 11
08:44 2018

Ба истифода додани муассисаҳои тандурустӣ, марказҳои саломатии деҳот дар вилояти Суғд идома дорад. Дар доираи истиқболи ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти Давлатӣ дар ноҳияи Масчоҳ боз як муассисаи дигар дари худро ба рӯи сокинони деҳоти Оббурдон боз намуд. Маркази саломатии Оббурдон дар доираи дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  дар доираи Лоињаи «Бењтаркунии хизматрасонии тиббї»- и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ сохта ба истифода дода шуд.

Маркази мазкур ҳамзамон бо лавозимоти тиббӣ, мебелҳои махсусгардонидашуда ва таҷҳизоти лабораторӣ ҷиҳозонида шуда, имкон медиҳад сифати хизматрасонии тиббӣ  ба мардуми маҳал беҳтару хубтар гардонида шавад. Ба хусус барои сокинони ин деҳаҳои дурдаст фароҳам овардани чунин шароит айни муддаост. Акнун табибоне, ки тӯли солҳои зиёд дар  биноҳои садамавӣ кору фаъолият мекарданд, имкон пайдо карданд дар утоқҳои барҳаво, бо истифода аз таҷҳизоти замонавии тиббиву корӣ барои  аҳолии деҳот хизматрасонии босифату саривақтиро фароҳам созанд.

Дар маросими ифтитоҳи  Маркази саломатӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дастгоҳи раиси вилояти Суғд ва  роҳбарони ноҳияи Масчоҳ иштирок ва суханонӣ намуданд. Зикр гардид, ки дар фазои сулҳу осоиштагии кишвари соҳибистиқлол рӯз ба рӯз шароити хизматрасониҳо,  аз ҷумла хизматрасонии тиббӣ рӯ ба беҳбудӣ оварда, бо дастгириву ҳидояти бевоситаи Пешвои муаззами миллат барои  зиндагии арзанда ба мардуми саросари кишвар тамоми шароитҳо фароҳам карда мешаванд.

Нимаи дуюми рӯз чунин як  Маркази саломатии замонавӣ дар  деҳаи Париж коммунаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба фаъолият шурӯъ кард. Ин муассисаи тиббӣ низ маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ, дар доираи ҳамкориҳои судманд бо Бонки умумиҷаҳонӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар ин марказ низ тамоми  шароити  кориву қабули шаҳрвандон ба стандартҳои ҷаҳони имрӯза мувофиқ гардонида шудааст. Дастгоҳҳои замонавии тиббӣ, таҷҳизоти лабораторӣ ва мебели корӣ барои фаъолияти боз ҳам босамари  кормандони тиб муҳайё карда шудааст,  ки имкони бештареро барои ташхису табобати  босифат фароҳам месозад. Маврид ба зикр аст, ки то имрӯз ин Марказҳои саломатии деҳот бидуни таҳлилгоҳ фаъолият мекарданд. Акнун онҳо  метавонанд ташхисҳои аввалиндараҷаро дар муассисаҳои тандурустии деҳаҳои худ гузаранд.

Албатта кушодашавии марказҳои саломатии деҳот  барои сокинони он тӯҳфаи хубест дар арафаи ҷашни бузурги Истиқлолияти давлатӣ, ки маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, барои беҳбудӣ бахшидан ба зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  кишвар равона шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 335
  • 989
  • 887,689