Абдухалил Холиқзода, роҳбари Бемористони «Ибни Сино»-и Душанбе: «МАН ЭМ КАРДАМ. ШУМО ЧӢ?»

Абдухалил Холиқзода, роҳбари Бемористони «Ибни Сино»-и Душанбе: «МАН ЭМ КАРДАМ. ШУМО ЧӢ?»
Июн 21
16:04 2021

Абдухалил Холиқзода, роҳбари Бемористони «Ибни Сино»-и шаҳри Душанбе аз охирин кормандони ин муассиса буд, ки рӯзи шанбе, 19 июн бар зидди COVID-19 воксина гирифт. Дар ин бора имрӯз худи ӯ дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Fаcebook хабар додааст.

«Барои эм шудан ман чанд омилро ба ҳисоб гирифтам. Якум, воксинаҳои ба бемористони мо дода шуда ба ҳама кормандон ва ба инҷониб ҳам расид.

Дуввум, подтанҳои ман дар тӯли ин муддат поён омад ва ба 1,5 расид.

Нуктаи муҳимми дигар ин ки коршиносони ғарбӣ пас аз он сарусадоҳои қаблӣ ба чунин хулоса омаданд, ки оризаҳои эмкунӣ бамаротиб камтар аз оризаҳои бемории COVID-19 ва қобили контроланд», — навиштааст ӯ.

Тавре Абдухалил Холиқзода менависад, ба эътимоди коршиносони эпидемиолог, ягона роҳи пешгирии пандемия эмкунист. Як нафар эмшуда метавонад садди роҳи сироят ёфтани даҳҳо нафар наздиконаш гардад.

«Ёдамон наравад, ки панҷ дарсади мубталошудагон ба бемории мазкур онро вазнин мегузаронанд!», — навиштааст ӯ.

Суханони роҳбари яке аз муассисаҳои бонуфузи тиббии Тоҷикистон дар ин маврид аз рӯи илми мантиқ чунин маънӣ дар пай доранд: ман эм кардам, шумо чӣ?

Дар идомаи суханонаш Холиқзода  чунин нигоштааст: «Мо бо коршиносон, ки бар аҳаммияти эмшавӣ таъкид менамоянд, ҳамнавоем ва таъкид мекунем, ки ҳар касе, ки тибқи барномарезии масъулин ба эмшавӣ дастрасӣ пайдо мекунад, бе ҳечҷистиҳола эм шавад», — таъкид намудааст роҳбари Бемористони «Ибни Сино»-и шаҳри Душанбе Абдухалил Холиқзода.

Хотиррасон мешавем, ки дирӯз аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 ҳазор воя ваксинаи  «CoronaVaс» бар зидди  бемории сироятии COVID-19 ва 300 800 адад сӯзандору ворид карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз 116 ҳазору 341 нафар вояи якум ва 15 ҳазору 34 нафар вояи дуюмро қабул намудаанд, ки дар умум 132 ҳазору 75 нафар бо ваксина фаро гирифта шудаанд.

                                 АКС: аз саҳифаи шахсиии А. Холиқзода дар Facebook

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 727
  • 1,242
  • 949,747