Қабули ваксинаи зидди COVID-19 ва гузаронидани он ба шаҳрвандон: Аллакай дар ин самт вазорат тадбриҳои зуруриро амалӣ намуд

Қабули ваксинаи зидди COVID-19 ва гузаронидани он ба шаҳрвандон:  Аллакай дар ин самт вазорат тадбриҳои зуруриро амалӣ намуд
Март 04
16:30 2021

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабул ва гузаронидани ваксинаи Британияи Кабир «АстраЗеника» ба шаҳрвандон, ки дар назар аст  моҳҳои март-апрели соли равон ба Тоҷикистон ворид гардад, аллакай тадбирҳои заруриро амалӣ намудааст. Махсусан, дар ин самт айни ҳол дар муассисаҳои тандурустии кишвар  яхдонҳо ва утоқҳои махсус омода карда шуда, инчунин, мутахассисон омӯзонида шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни шаҳрвандони кишвар пурсиш гузаронида шуд. Дар натиҷа маълум гардид, ки 81%-и аҳолии Тоҷикистон барои бар зидди зидди коронавирус гирифтани ваксина розӣ мебошанд.

Бояд гуфт, ки нахуст тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ, шахсони синнашон аз 60-сола боло, гурӯҳи одамони осебпазир, ки бемориҳои ҳамрадиф доранд, хусусан, шахсони гирифтори бемориҳои қанд, гепатит, ки аз 20 то 49-сола мебошанд, ваксинаи зидди бемории коронавирус хоҳанд гирифт.

 Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз моҳи январ дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус расман ба қайд гирифта нашудааст. Дар маҷмӯъ то 3 март дар кишвар 13308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфтаанд. Инчунин 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 740
  • 1,242
  • 949,760