«Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030» мавзӯи аслии ҷамъомади кормандони тиб

Август 07
18:47 2017

Чанде қабл бо мақсади баррасии масъалаҳои вобаста ба соҳаи тандурустӣ, «Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030» бо иштироки мутахассисони Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ҷамъомад баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва кормандони идораҳои мухталифи ин ниҳод иштирок намуда масъалаҳои зикргардидаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Дар чорабинии мазкур Саида Умарзода, муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мушкилоти дар соҳа вуҷуддошта сухан ронда ҷиҳати ҳалли саривақтии он ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Ҳамзамон масоили мушкилоти мавҷудаи шуъбаҳои таваллудӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, пайомади мушкилоти ҷойдошта,  роҳу усулҳои ҳалли онҳо, аз мавзӯъҳои дигаре буд, ки дар ҷаласаи мазкур мавриди омузиш қарор гирифт.

Дар ҷаласаи зикргардида коҳиш  додани  фавти модару кӯдак, назорати антенаталии модарон, паст намудани хатари гузариши  маризии ВМНО «ВИЧ/СПИД» аз модар ба кӯдак  зери таваҷҷӯҳи роҳбарияти  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, дар ин самт ба  кормандону мутахассисони идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 712
  • 1,242
  • 949,732