“Ҳадафи мо нобудсозии бемории вараҷа”: Имсол Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории вараҷаро таҳти чунин шиор қайд намуданд

“Ҳадафи мо нобудсозии бемории вараҷа”: Имсол Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории вараҷаро таҳти чунин шиор қайд намуданд
Апрел 29
08:03 2021

Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории вараҷа ва бо мақсади татбиқи «Нақшаи стратегии пешгирӣ, хуруҷ ва аз нав барангезиши интиқоли бемории вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019–2023» ва нақшаи кории «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ»  як гурӯҳ мутахассисони маркази мазкур ба ноҳияҳои наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷайҳун, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус, Фархор, Ҳамадонӣ, Ш.Шоҳин, Дарвоз ва Ванҷ  сафарбар карда шуданд.

Дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ бахшида ба ин рӯз дуконҳои саломатӣ ташкил карда шуда, дар байни аҳолӣ ва кормандони тиб маводҳои иттилоотӣ тақсим гардида, дар мавзӯи пешгирии бемории вараҷа корҳои фаҳмондадиҳӣ  баргузор гардиданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки аз ҷониби «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дастгирии техникии Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ маводҳои иттилоотӣ, аз қабили овеза ва буклетҳо оид ба пешгирии пайдошавии бемории вараҷа бо шиори “Ҳадафи мо нобудсозии бемории вараҷа” нашр намуда, ба ноҳияҳои наздисарҳадӣ дастрас ва тақсим намуд.

Қобили қайд аст, ки ҳамасола Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории вараҷа дар ҷаҳон таҳти шиорҳои гуногун таҷлил карда мешавад. Соли 2021 дар ҷаҳон ин рӯзро таҳти шиори “Ҳадафи мо нобудсозии бемории вараҷа” қайд  намуданд.

Хушбахтона, аз соли 2015 то инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳодисаи бемории вараҷаи  маҳаллӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Бояд гуфт, ки Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории вараҷа дар сессияи 60-уми Ассамблеяи тандурустии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ моҳи майи соли 2007 қабул гардида, аз соли 2008 инҷониб ҳамасола 25 апрел дар кишварҳои аъзои созмони мазкур қайд карда мешавад

Ҳадаф ва мақсад аз эътироф гардидани ин сана ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пурзӯр намудани кӯшишҳо баҳри пешгирии бемории мазкур мебошанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 963
  • 1,242
  • 949,983