Агар ҳамкорӣ кунанд, ҷавобгарӣ интизорашон аст

Сентябр 18
15:38 2016

Соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳим ба шумор рафта, он ҳамеша аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ташкилотҳои байналмиллалӣ дар самти фароҳам овардани шароити хуб диққати махсус дода мешавад. Ҳамин аст, ки дар айни замон якчанд Барномаҳои миллӣ оид ба беҳдошти саломатии ҷомеа равона гардида, баҳри пешгирии бемориҳои зиёд мусоидат менамояд. Оид ба ин мавзӯъ сӯҳбате доштем бо сарвари Маркази саломатии шаҳри Чкалов Малика Қосимова.

– Мегуфтед, ки феълан дар Маркази саломатии шаҳр чанд Барномаҳои миллӣ дар самти беҳдошти саломатии омма роҳандозӣ гардида истодааст?

– Бояд қайд намоям, ки соҳаи тандурустӣ аз соҳаҳои аҳамиятноки рушди иҷтимоии мамлакат ба ҳисоб рафта, барои боз ҳам равнақ бахшидани ин соҳа ва пешгирии ҳаргуна бемориҳо аз ҷониби Ҳукумат кишвар Барномаҳои миллӣ қабул карда шудаанд. Айни ҳол дар Маркази саломатии шаҳр 17 Барномаҳои миллӣ, 2 Стратегияи миллӣ ва як Дурнамои миллӣ амалӣ гардида истоданад. Стратегияҳо ин “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” ва “Стратегияи миллии ҶТ дар бораи рушди саломатии кӯдакон ва наврасон дар давраи то соли 2015” мебошанд.

– Мӯҳлати иҷроиши Барномаҳои миллӣ чанд солро дар бар мегирад ва ҳадаф аз роҳандозӣ гардидани чунин барномаҳоро Шумо дар чӣ мебинед?

– Барномаҳои миллӣ вобаста ба самти равонагардидаашон мӯҳлати эътиборашон муайянкарда шудааст. Масалан, Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар ҶТ барои солҳои 2010-2015, Барномаи милии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2011-2020, Барномаи рушди тибби оилавӣ барои дар солҳои 2011-2015, Барномаи милии пешгирии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар ҶТ барои солҳои 2013-2017 ба монанди ин чандин барномаҳои дигар, ки дар ҳоли амалишавӣ қарор доранд. Ҳадафи Барномаҳо ва Стратегияҳо пеш аз ҳама барои сифатан беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, пешгирӣ, ташхис ва табобати беморони гирифтори ин ва ё он беморӣ буда, то ин дам натиҷаашро мо хуб эҳсос намуда истодаем.

– Чун сухан дар бораи хизматрасонии тиббӣ рафт, мехоҳам бифаҳмам, ки имрӯз дар Маркази саломатии шаҳри Чкалов чанд намуди хизматрасонии тиббӣ мавҷуд аст?

– Дар Маркази саломатии шаҳри Чкалов хизматрасинӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти рақами №600 “Дар бораи тартиби хизматрасони тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони ҶТ дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ” ба роҳ монда шудааст. Бояд зикр намоям, ки Маркази саломатии шаҳр дар сохтори муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр барои расонидани ёрии аввалияи тиббию санитарӣ, ёрии махсусгардонидашудаи тиббӣ ва ёрии консултативӣ-ташхисӣ ба аҳолӣ фаъолияти хешро ба роҳ монда аст. Ҳамзамон дар асоси ислоҳоти соҳаи тандурустӣ аз соли 2007 дар КАТС-и шаҳр шӯъбаи тибби оилавӣ фаъолияташро роҳандозӣ намудааст.

– Аз оғози кори шӯъбаи тибби оилавӣ беш аз 5 сол сипарӣ шуд ва Шумо дар бобати афзалияти шӯъбаи мазкур чӣ андеша доред?

– Афзалият ва ё бартарии хизмарасонии тибби оилавӣ дар он аст, ки ҳар як табиби оилавӣ дар минтақа ба ҳар як фард дар алоҳидагӣ, ба оила, ба аҳолии минтақа дар шароити Маркази саломатӣ инчунин дар хона новобаста аз ҷинс, синну сол ва намуди беморӣ ёрии аввалияи тиббиву санитариро мерасонад.

– Тавре, ки огаҳ ҳастем, дар маҷлиси ҷамъбастии солонаи соҳаи тандурустии шаҳр аз ҷониби Раиси шаҳр ва намояндаи Раёсати тандурустии вилоят ба кормандони соҳаи тиб барои соли 2014 якцатор вазифагузориҳо шуда буд. То ин дам аз ҷониби Маркази саломатӣ барои иҷрои он вазифаҳо чӣ тадбирҳо андешида шуд?

– Маъмурияти муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳр Рухсора Каримхоҷаева ва намояндаи Раёсати тандурустии вилоят Муқаддама Ҳусейнова то ин дам талоши зиёд намуд. Яке аз он вазифагузориҳо ин андешидани чораҳои зарурӣ оид ба компютеркунонии шӯъбаҳои КАТС ва васли онҳо ба шабакаи интернетӣ буд. Айни ҳол дар Маркази зиддисилӣ, Маркази солимии репродуктивӣ, муҳосибот, шӯъбаи омори КАТС-и шаҳр, дар маҷмуъ 7 адад компютер ва 1 адад ноутбук мавҷуд буда, ворид кардани 2 адад компютери дигар ба нақша гирифта шудааст. Барои васл ба шабакаи интернетӣ модем харидорӣ шудааст.

– Яке аз масъалаҳои дигар ин ҷилавгирӣ намудан аз ҳамкории табибон бо ширкатҳои фармасефтӣ буд. Дар ин самт чӣ корҳои назаррас ба сомон расонида шуд?

– Оид ба маън намудани ҳамкории табибони шӯъбаи КАТС бо ширкатҳои фармасефтӣ дар ҷаласаи умумии КАТС мавриди муҳокима қарор дода шуда, чораҳои зарурӣ андешида шуд. Мутмаинам, ки пас аз ин табибон бо чунин ширкатҳои доруфурӯш ҳамкори нахоҳанд кард, зеро дар ин бобат худи эшон дар санади махсус имзо гузоштаанд. Дар сурати ҳамкорӣ карданашон онҳоро ҷавобгарӣ интизор аст.

Ногуфта намонад, ки масъалаҳои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои тамаъҷӯӣ аз тарафи кормандони Маркази саломатӣ, даст задан ба амалҳои корупсионӣ, беҳтар намудани муошират бо беморон ҳамеша дар мадди назари маъмурияти Маркази саломатӣ қарор дорад ва оид ба ин масъалаҳои муҳим дар ҳар як ҷаласаи умумии Маркази саломатӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуда истодааст.

– Дар самти ободии гирду атрофи Маркази саломатӣ низ вазифаҳо дода шуда буд, ҳамин тавр?

– Бале, дар ин самт низ вазифагузорӣ шуда буд ва тамоми кормандони маркази саломатии шаҳр дастуру супоришҳои раиси шаҳрро оид ба ободонию кабудизоркунии атрофи муассиса сармашқи кори худ қарор дода, то ин дам зиёд аз 50 бех ниҳолҳои ҳамешасабз дар гирду атрофи Маркази саломатии шаҳр ва Ҷамоати шаҳраки Палос шинонида шуааст. Боз шинонидани 100 бех гулҳои садбарг дар назар дошта шудааст.

Умуман ҳамаи он вазифагузориҳое, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Раёсати тандурустии вилоят, мақомоти маҳаллӣ ба мо равона мегарданд, сари вақт чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст ва баҳри иҷроиши он аз имкониятҳои ҷойдошта итифода карда, иҷро намуда истодаем. Минбаъд низ талош хоҳем намуд, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ дар беморхона боз ҳам хубтар ба роҳ монда шавад. Дар соли 2014 натиҷаҳои хубро ба даст орем ва ҳамаи камбудиҳову эродҳои гирифташударо ҳалу фасл намоем.

– Ташаккур барои сӯҳбат

– Саломат бошед

Субҳидин Қодиров

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 296
  • 1,242
  • 949,316