Одати бад одами бад парварад

Одати бад одами бад парварад
Декабр 22
12:40 2017
Ҳикматҳои халқи  тоҷик манбаи бузургу муътамади тарбияанд. Онҳо хеле воқеӣ, муассир, пуробуранг ва дақиқу саҳеҳ  гуфта шудаанд, ҳадафрас мебошанд. Аз ин рӯ, омӯзгорон метавонанд аз ҳикматҳои халқӣ васеъ ва бамаврид истифода намоянд. Ҳар як лаҳзаи тарбиявии дарс ва ҳар як дарси тарбиявиро метавон бо истифода аз ҳикматҳои халқӣ ҳусни оғоз бахшид.
Дар раванди дарсҳо омӯзгорон ба ҷанбаи тарбиявии мавзӯъҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, мувофиқан ҳикматҳо иқтибос меоваранд. Масалан, чун омӯзгор дар лаҳзае аз дарсаш дар бораи хислату одатҳои бади инсонӣ ҳарф мезанад, нахуст метавонад аз ҳикмати зерин  ёдовар шавад: «Ҳама одат мераваду одати бачагӣ не». Омӯзгор таъкид мекунад, ки аз ин рӯ, набояд аз хурдӣ ба худ одатҳои  бадро роҳ дод. Бузургон фармудаанд, ки «Одат чу қадим шавад, табиат гардад». Яке аз одатҳои баду пурзиёни одамон тамокукашӣ мебошад. Кӯдакон дар муҳити хеш ҳамарӯза ба онҳое вомехӯранд, ки ба тамокукашӣ  машғуланд, бо ҳавсала ва гӯё бо лаззати махсус дуд аз даҳону  димоғ  мебароранд. Чун кӯдакон табиатан ба калонсолон эътимоду эътиқод доранд, мушоҳидаи ин ҳолат ба онҳо бетаъсир намемонад. Дар онҳо ҳисси таваҷҷуҳ ба тамоку, хоҳиши санҷидани ин амал пайдо мешавад. Мо бисёр шунидаву ба мушоҳида гирифтаем, ки кӯдакон пинҳонӣ  кӯшиши тамокукашӣ мекунанд. Дар байни хонандагони синфҳои болоӣ борҳо тамокукашон  дастгир шудаанд. Барои пешгирии  чунин ҳолатҳои номатлуб, аз ҷумла, мактаб низ муваззаф аст.
Соли равон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Қонун «Дар бораи  маҳдуд намудани истифода маҳсулоти тамоку» қабул гардид. Ин қонун, ки дар мубориза бар зиди хислати бади тамокукашӣ марҳилаи  наверо дар кишвар  оғоз бахшид, аз муқаддима, 3 боб ва 10 модда иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятро вобаста ба маҳдуд кардани истифодаи  маҳсулоти тамоку бо мақсади ҳифзи солимӣ ва пешгирии беморшавии аҳолӣ танзим  намуда, фаъолияти марбут ба истеҳсол ва фурӯши онро муайян менамояд. Дар моддаи 6-и ин қонун таъкид шудааст, ки минбаъд истифодаи  тамоку дар ҷумҳурии  мо дар дохили биноҳои  муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва фарҳангӣ, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар майдончаҳои кӯдакон ва дар ҳузури кӯдакони то 16-сола қатъиян манъ аст. Дар заминаи қонуни мазкур омӯзгоронро мебояд, ки самти тарбиявии фаъолияташонро  боз ҳам таҳким бубахшанд. Пеш аз ҳама, ба шогирдон (дар ҳамаи  синфҳо) дар бораи зарари тамокукашӣ ба таври таъсиргузор сухан бояд кард. Мутахассисон муайян кардаанд, ки дар таркиби тамоку  400 намуд маводи кимиёвӣ мавҷуд аст, ки 40-тояш хеле хавфнок  барои саломатӣ мебошад. Сигоркашӣ боиси заъфи организми одам гашта, муқовиматашро ба таъсири зиёновари  муҳити беруна  суст мекунад. Ин одати бад инсонро ба осон  гирифтори беморӣ шудан омода месозад. Табибон сол то сол зиёд шудани теъдоди беморони гирифтори заъфи шуш, роҳҳои нафас, дил ва саратонро бо одати сигоркашӣ алоқаманд медонанд. Тамокукашӣ қобилияти  кории одамонро паст карда, онҳоро оқибат ба маъюбӣ гирифтор менамояд.
Дар рафти дарсҳо вобаста ба маҳкум кардани тамокукашӣ ва дар  шогирдон пайдо намудани  ҳисси  нафрат ба ин одати пурзиён  бояд аз воситаҳои аёнӣ  низ босамар истифода бурд. Таъкиди боз як ҳикмати халқӣ ин маврид айни муддао хоҳад буд: «Заминро  об вайрон мекунад, одамро одати бад». Ҳар қисмати дарс ё дарси тарбиявӣ, ки ба маҳкумсозии тамоку ва тамокукашӣ бахшида мешавад, хуб он аст, ки бо ин нидои аҳлонаи  аҳли синф хотима ёбад: «Алҳазар  аз тамокукашӣ!»
Рухшона  ҒАЙЗУЛЛОЕВА,
омӯзгори мактаби №30-и ноҳияи Фирдавсӣ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 272
  • 1,185
  • 874,394