Ҷаласаи 5-уми Гурӯҳи кории техникӣ оид ба воридкунии ваксинаи зидди вируси папилломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи 5-уми Гурӯҳи кории техникӣ оид ба воридкунии ваксинаи зидди вируси папилломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Март 09
09:49 2024

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода ҷаласаи 5-уми Гурӯҳи кории техникӣ оид ба воридкунии ваксинаи зидди вируси папилломаи одам дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре дар ҷаласа зикр гардид, бо мақсади пешгирӣ намудани гардиши вируси папилломаи одам, ки сабабгори асосии гирифторшавӣ ба бемории саратони гарданаки бачадони занҳо мегардад, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки ваксинаи зидди вируси папилломаи одамро ба Тақвими миллии иммунизатсия ворид намояд. Бо ин мақсад, дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ворид намудани ваксинаи зидди вируси папилломаи одам (ВПО) ба Тақвими миллии иммунвизатсия Гурӯҳи кории техникӣ таъсис дода шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар давоми моҳҳои феврал то майи соли 2023 Гурӯҳи корӣ ҳуҷҷати асосноккуниро оид ба моҳияти ворид намудани ваксинаи зидди ВПО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намуда, онро барои қабул ба Гурӯҳи миллии техникию машваратӣ оид ба иммунизатсия (ГМТМИ) пешниҳод кард.

Баъд аз омӯзиш ва таҳлили ҳуҷҷати асосноккунӣ, Гурӯҳи миллии техникию машваратӣ оид ба иммунизатсия қарори худро барои зарурияти воридкунии ваксинаи зидди ВПО ба Тақвими миллии иммунизатсия бароварда, онро ба вазорат пешниҳод намуд.

Бояд қайд кард, ки бо дастгирии машваратчиёни Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дархости ҷумҳурӣ оид ба ворид намудани ваксинаи зидди ВПО ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шуда, санаи 17 июли соли 2023 барои дастгирӣ ба котиботи Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия пешниҳод гардид.

Дар асоси дархости мазкур, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки баъд аз ворид намудани ваксинаи зидди вируси папилломаи одам, иммунизатсияи нақшавии онро байни духтарони синнашон 10 сола гузаронад.

Дар баробари ворид намудани ваксина, ба нақша гирифта шудааст, ки рӯзҳои иммунизатсияи оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам байни духтарони синни аз 11 то 15 солаи ҷумҳурӣ низ гузаронида шавад.

Дар асоси натиҷаҳои бадастоварда, вазорат дар якҷоягӣ бо СУТ банақша гирифтаанд, ки “Нақшаи омодабоширо барои ворид намудани ваксинаи зидди ВПО ба Ҷумҳурии Тоҷикистон” то ворид намудани ваксина омода намоянд.

Барои дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои омодабошӣ ба ворид намудани ваксинаи зидди ВПО ба ҷумҳурӣ ва гузаронидани рӯзҳои иммунизатсияи оммавӣ зидди вируси папилломаи одам, як қатор чорабиниҳо банақша гирифта шудаанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 631
  • 1,242
  • 949,651