Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид

Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид
Декабр 04
13:37 2021

Имрӯз, 4 декабри соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, сардорон ва намояндагони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи вазоратро ифтитоҳ намуда, мавзӯъҳои ҷаласаро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Дар мавзӯъи якуми ҷаласа, яъне “Таҳлили вазъи бемориҳои рӯҳӣ дар ҷумҳурӣ, мушкилот, роҳҳои ҳал ва дурнамои рушд” Қунғуротов Х.Қ., сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бемориҳои равонӣ баромад намуд.

Тавре зикр гардид, бланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва табобати беморон, аз ҷумла беморони рӯҳӣ яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ба ҳисоб меравад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли ин масъала пайваста кӯшиш ва тадбирҳои зарурӣ андешида, ба ин соҳа аҳамияти калон медиҳад.

Аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои саломатии аҳолӣ, пойдории оилаҳои солим, бахусус солимии рӯҳӣ ва рафтори аъзоёни оила диққати махсус дода, дар назди масъулини соҳа ҷиҳати дарёфт ва арзёбӣ намудани ин омилҳо вазифагузорӣ намуданд. Бо ин мақсад айни замон мутахассисони соҳа дар партави дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошта тадбирҳои муассир андешида истодаанд.

Қайд кардан лозим аст, ки давоми солҳои охир дар мамлакат бо мақсади беҳтаргардонии хизматрасониҳои рӯҳӣ якчанд муассисаи нави статсионарии бемориҳои рӯҳӣ мавриди истифода  қарор дода шуданд. Аз ҷумла, соли 2013 дар шаҳри Хуҷанд бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази нави вилоятии бемориҳои рӯҳӣ бо иқтидори 110 кат, бо маблағи 9 500000 сомонӣ ва соли 2018 дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Беморхонаи вилоятии бемориҳои рӯҳӣ дорои 85 кат ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти навӣ замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Ҳамзамон, соли 2017 барои бунёди Беморхонаи вилоятии бемориҳои рӯҳии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асос гузошта шуд, ки айни замон корҳои сохтмонии он идома доранд.

Инчунин, қайд кардан лозим аст, ки давоми 10 соли охир маблағгузории соҳа аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он низ хеле зиёд карда шудааст.

Дар аввали соли 2019 санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа бо иштироки экспертҳои байналмилалӣ мавриди боздид қарор дода шудаву ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардида, ҳамаи нишондодҳои «Протоколи Истамбулӣ» оид ба шиканҷа ба назар гирифта шуда, дар шакли китоби алоҳида чоп  ва ба муассисаҳои соҳаи бемориҳои рӯҳӣ, кормандони суд ва мақомоти прокуратура барои корбарӣ пешниҳод карда шуданд.

«Дар бораи  омодагии муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва дигар ташкилоту идораҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022» Шарифов З.А., сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳахои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  вазорат маълумот дод.

Қайд гардид, ки муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №101 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022», фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2021, №377 «Дар бораи сари вақт омода намудани муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022»-ро сармашқи кори худ қарор дода, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукуматҳои маҳаллӣ кӯшиш ба харҷ дода, барои таъмини мунтазами кори муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 корҳои муайянеро ба сомон расониданд.

Тибқи маълумотномаҳои пешниҳодгардида аз тарафи роҳбарони муассисаҳои соҳаи танудурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ  ҷиҳати тайёрии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 дар муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳурӣ як қатор тадбирҳо то имрӯз амалӣ шудаанд. Ҳамзамон, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои дахлдори шаҳру ноҳияҳо ба имзо расида, ситодҳо ташкил карда шуда, корҳо мувофиқи нақшаи чорабиниҳо ба роҳ монда шудаанд.

Дар доираи маблағҳои ҷудогардидаи соли ҷорӣ барои нигоҳдорӣ ва таъмир корҳои шишабандӣ, таъмири асосӣ ва ҷузъии бинову иншоотҳо ва қубурҳои обгузари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ гузаронида шудааст.

Бо мақсади сари вақт омода намудани муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 нақшаи захираҳои ангишт 10595,4 тонна пешбинӣ гардида, дар асл 10720,5 тонна (101,2%), ҳезум 7229,5 м3 дар асл 7105,8 м3 (98,3%), сўзишворӣ 66829 литр дар асл 67790 литр (101,4%) захира карда шудааст.

Инчунин, захираи хўрока, аз ҷумла картошка 206,2 тонна, пиёз 118,4 тонна, сабзӣ 61,4 тонна, равған 34057 литр, орд 227,2 тонна, бринҷ 48,2 тонна, шакар 40,1 тонна ва дигар намуди хўрока 204,8 тонна  мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дорои 884 адад генераторҳои барқӣ буда,  184 адад дегхонаҳои буғии дар ҳолати коршоямӣ қарор дошта, ҳамчунин, дар соҳа 12302 адад печкаи барқӣ ва 5393 адад печкаи аловӣ барои истифодабарӣ омода ва мавриди истифода қарор гирифтанд.

Доир ба мавзӯъи сеюми ҷаласа-“Вазъи иҷрои Консепсияи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он аз ҷониби мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Қ.Б.суханронӣ кард.

Тавре қайд гардид, соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳамасола ҷиҳати рушди самтҳои он чораҳои мушаххас андешида мешаванд. Рушди босуботи низоми хизматрасонии иҷтимоӣ ба таъмини кафолатноки ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандоне равона шудааст, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд.  Дурнамои рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ аз ташабуссҳо ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос мегирад, ки ҳадафи асосии он таъмин намудани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва бо ҳамин васила фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як фарди ҷомеаи мо мебошад.

Тайи  солҳои охир дар Паёмҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи рушди соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, махсусан низоми хизматрасонии иҷтимоӣ бо мақсади ба талаботи замон мутобиқ намудани он ва беҳдошти сатҳу сифати хизматҳои пешниҳодшаванда ба истифодабарандагони хизматҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, вазифаҳои мушаххас дар назди масъулони соҳа ва тамоми роҳбарияту кормандони муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ  гузошта мешаванд.

Ҳанӯз дар Паёми 23 январи соли 2015 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироанамуда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид карда буданд, ки  “Фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ вобаста ба дастгирии маъюбон ва дигар гурӯҳҳои осебпазир ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад ва масъулони соҳа вазифадоранд, ки дар асоси таҳлили ҳаматарафа доир ба рафъи камбудиву мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешанд.” Дар Паём аз 22 декабри соли 2017 бошад, Роҳбари давлат  изҳор доштанд, ки “Масъалаҳои вобаста ба тайёр кардани кадрҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои инноватсионии кори иҷтимоӣ ва таъмини муҳити дастрас барои маъюбон беҳбудиро тақозо доранд.”  Вазифагузориҳои зерин боиси тақвияти амалҳо дар самти ислоҳот ва рушди муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, ки аз Консепсияи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, гардид.

Дар фарҷоми ҷаласа Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, одоби муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.

Доир ба мавзӯъҳои пешниҳодгардида қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 698
  • 1,242
  • 949,718