Ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрел 20
14:01 2017

Имруз ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи вазорат доир гардид. Дар он роҳбарияти вазорат, сардорони Хадамотҳои назоратӣ, роҳбарони муассисаҳои ташхисиву табобатии ҷумҳурӣ ширкат намуда фаъолияти соҳаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Фаъолияти соҳаро муавини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Саида Ғайрат муаррифи намуда аз ҷумла қайд кард, ки “дар оғози соли 2017 дар маҷмӯъ зиёда аз 14 ҳуҷҷатҳои соҳавӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд”

Ба ҳолати 29 марти 2017 дар 40 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ аризаҳои 21614 нафар ба махзани ягонаи системаи иттилоотӣ (АСИСТ) ворид карда, аз ин шумора 17462 нафар барои гирифтани кӯмаки унвонии  иҷтимоӣ ҳуқуқ пайдо намудаанд. Шумораи гирандагони кӯмаки унвонии иҷтимоӣ  ба ҳолати  28 марти  соли 2017  52358 нафар (оила) мебошад.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани низоми таъин ва пардохти кӯмаки увнонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2016, №416 “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, №437” дар 40 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ амалӣ карда шуд

Зимни суханрони муовини якуми вазир махсусан масъалаи беҳтар намудани сифати омодасозии кадрҳо, сохтмон ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои тандурустӣ ба хусус дар ноҳияҳои дурдаст, назорати сифати дорувори, муносибати табибонро аз вазифаҳои асосии кормандони соҳа унвон кард.

Вазир Насим Олимзода зимни баррасии масъалаҳои ҷорӣ махсусан қайд намуд, ки истифодаи протоколҳои клиникӣ ҳангоми ташхису табобати беморон, фаъол намудани гушаҳои гиёҳдармонӣ, аз истифода боз доштани маводҳои пастсифат, ташхиси тиббии наваскарон, солимгардонии маъюбон ва иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 600 беҳбудиро металабад.

Аз ҷониби Вазир барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта муҳлати муайян дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 718
  • 1,242
  • 949,738