Ҷаласаи чоруми вазирони тандурустии давлатҳои аъзои СҲШ таҳти раёсати Тоҷикистон ба тариқи онлайн доир гардид

Ҷаласаи чоруми вазирони тандурустии давлатҳои аъзои СҲШ таҳти раёсати Тоҷикистон ба тариқи онлайн доир гардид
Июн 30
16:12 2021

Имрӯз, 30 июни соли равон тибқи «Нақшаи чорабиниҳои асосии раёсати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар Созмони ҳамкории Шанхай барои солҳои 2020-2021»  ҷаласаи  чоруми вазирони  тандурустии  давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти раёсати Тоҷикистон ба тариқи онлайн доир гардид, ки дар он вазирони тандурустии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, намояндаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки бо назардошти вазъи пандемияи COVID-19 ҷаласаи чоруми вазирони тандурустии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки  бояд имрӯз, 30 июн дар шаҳри Душанбе доир мегардид, ба тариқи онлайн сурат хоҳад гирифт.

Масъалаи асосии рӯзномаи ҷаласаи чоруми вазирони тандурустии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай таҳлил ва баррасии вазъи кунунӣ ва қадамҳои минбаъдаи кишварҳои аъзои СҲШ оид ба пешгирӣ ва табобати сирояти коронавируси нави COVID-19-ро дарбар  гирифт.

Дар ин росто, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода доир ба вазъи эпидемиологии бемории COVID-19 дар мамлакат баромад намуда, иброз дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали бақайдгирии ин сироят дар кишвар тамоми тадбирҳои муҳиму саривақтиро амалӣ намудааст ва корҳо дар ин самт низ то имрӯз идома доранд.

Инчунин, ба рӯзномаи ҷаласа муҳокимаи таҷрибаи ҳамаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба масъалаҳои COVID-19 дохил карда  шуданд, ки онҳо ҷиҳати беҳбуди вазъи эпидемиологии на танҳо кишварҳои аъзои СҲШ, балки дар саросари ҷаҳон саҳми назаррас хоҳанд гузошт.

Дар идомаи ҷаласа вазирони тандурустии давлатҳои аъзои СҲШ низ доир ба вазъи сирояти коронавируси нави COVID-19 дар кишварҳои хеш суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа лоиҳаи “Нақшаи ҳамкориҳои давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2022-2024” мавриди баррасӣ қарор дода шуда, “Изҳороти муштараки вазирони тандурустии давлатҳои аъзои СҲШ”  қабул гардид.

Дар маҷмӯъ, ҷаласаи чоруми вазирони тандурустии давлатҳои аъзои СҲШ бо натиҷаҳои назаррас доир гардида, дар густариши ҳамкориҳои давлатҳо дар соҳаи тандурустӣ заминаи мусоид хоҳад гузошт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 29
  • 798
  • 1,242
  • 949,818