Ҷаласаи корӣ оид ба қабули қарорҳо бо дарназардошти маълумоти воқеӣ

Ҷаласаи корӣ оид ба қабули қарорҳо бо дарназардошти маълумоти воқеӣ
Июл 24
11:41 2024

23 июли соли 2024 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Дарки механизмҳо ва равандҳои қабули қарорҳо бо дарназардошти маълумоти воқеӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур сардорони раёсату шӯъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ, намояндагони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва коршиносон иштирок намуданд.

Мақсади асосии ин ҷаласа баррасӣ намудани Шабакаи Созмони умумиҷаҳонии тандрустӣ “EVIPNet”   барои фаҳмиш ва омӯхтани ҷанбаҳои институтсионалӣ, сиёсӣ ва иҷтимои буда, ба механизмҳои таҳкиму тавсеаи истеҳсол ва истифодаи далелҳои тадқиқотӣ таъсир мерасонанд.

Бояд гуфт, ки қабули қарорҳо бо дарназардошти маълумоти воқеӣ дар пешбарии шаффофият ва қабули муназзами қарорҳо дар тамоми давраи сиёсат аҳамияти ҳалкунанда дорад.

Дар идомаи ҷаласа иштирокчиён барои рушди минбаъдаи раванди мазкур доир ба “Харитаи роҳ” мубодилаи афкор намуда, таҳияи чунин як ҳуҷҷати муҳимро баҳри беҳтар намудани вазъи солимии аҳолӣ дар минтақа муҳим арзёбӣ намуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Август 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூலை    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 187
  • 1,715
  • 988,484