Ҷаласаи корӣ вобаста ба рақамикунони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Ҷаласаи корӣ вобаста ба рақамикунони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Феврал 07
14:58 2024

Имрӯз, 7 феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вусъат бахшидани корҳо дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат иштирок намуданд.

Бояд қайд намуд, ки рушди системаи иттилоотии идоракунии тандурустӣ дар доираи ташаккули ҳукумати электронӣ, татбиқи Консепсияи иқтисоди рақамӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019 тасдиқ гардидааст, бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани дастрасӣ ба хизматрасониҳои баландихтисоси тиббӣ, баргузор намудани маслиҳату машварат оид ба ташхису табобати беморон дар масофа бо истифода аз имкониятҳои телетиб, зери назорати қатъӣ қарор додани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ, омӯзиши мутаасил ва баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисони соҳаи тандурустӣ  тавассути ташкили  курсҳои бозомӯзӣ дар ҳамаи зинаҳои кадрии соҳа таъмин гардида истодааст.

Яке аз раванди афзалиятноки ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои баландихтисоси тиббӣ тавассути  рақамикунонии тандурустӣ, рушди системаи миллии иттилоотии тандурустӣ мебошад.

Таъсиси системаи ягонаи иттилоотии идоракунии тандурустӣ дар заминаи барномаи компютерии «DHIS2» (барномаи иттилоотии тандурустии маҳаллӣ), ки бо таври мустақим (онлайн) фаъолият дорад, душвориҳои мавҷударо бартараф намуда, дастрасиро ба иттилоот оиди идоракунии тандурустӣ таъмин намуда, сатҳ ва сифати маълумотҳои омории алоқаманд ба сатҳи солимии аҳолӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустиро тадриҷан беҳтар намуд.

Махсусан, дар доираи татбиқи Консепсияи ташаккули Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2017 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, № 428) дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия ва ташкил намудани “Феҳристи ягонаи иттилоотии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” ба роҳ монда, бо дастгирии Бонки умумиҷаҳонӣ дар айни замон қисмати ибтидоии Феҳристи мазкур Системаи иттилоотии кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ (АСИСТ) дар Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва 40 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ амалӣ шуда истодааст.

Тибқи низоми мазкур ва вобаста ба андешидани тадбирҳо оид ба амалигардонии барномаҳои иттилоотии соҳавӣ низоми нави таъин ва пардохти кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат тавассути барномаи электронии кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ АСИСТ ба роҳ монда шудааст.

Дар идомаи ҷаласаи корӣ доир ба боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолият дар ин самт ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Феврал 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜன    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
26272829  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 430
  • 1,242
  • 817,711