Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид

Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид
Ноябр 28
17:20 2023

Санаи 28 ноябри соли равон дар  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишгоҳи тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Дар ҷаласа чор масъала-“Омодагии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024”, “Рафти иҷрои “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, “Таҳлили воқеии хизматрасонии тиббӣ дар самти ташхис, табобат ва назорати бемориҳои тарбодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Таъмини дастрасии пиронсолон ба кумаки тиббӣ  ва хизматрасонии иҷтимоӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Доир ба масъалаи аввал гузориши сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат Шарифов Зайнулло шунида шуд.

Қайд гардид, ки муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти  соли 2023, №125 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024», фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2023, №213 «Дар бораи сари вақт омода намудани муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024»-ро сармашқи кори худ қарор дода, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукуматҳои маҳаллӣ кӯшиш ба харҷ дода, барои таъмини мунтазами кори муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 корҳои муайянеро ба сомон расониданд.

Тибқи маълумотномаҳои пешниҳодгардида аз тарафи роҳбарони муассисаҳои соҳаи танудурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ  ҷиҳати тайёрии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дар муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳурӣ як қатор тадбирҳо то имрӯз амалӣ шудаанд. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  фармоишҳои дахлдори муассисаҳои соҳа ба имзо расида, ситодҳо ташкил карда шуда, корҳо мувофиқи нақшаи чорабиниҳо ба роҳ монда шудаанд.

Дар доираи маблағҳои ҷудогардидаи соли ҷорӣ барои нигоҳдорӣ ва таъмир корҳои шишабандӣ, таъмири асосӣ ва ҷузъии бинову иншоотҳо ва қубурҳои обгузари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ гузаронида шудааст.

Барои таъмини муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ  барои зимистонгузаронии солҳои 2023-2024 маводҳои сухт ангишт тибқи нақша  10800,0  тонна дар асл 10953,5 тонна (101,4%),  ҳезум 7113,7 м3 дар асл 7292,0 м3 (102,5%), сӯзишворӣ 62650 литр дар асл 65551 литр (104,6%)  захира карда шудааст.

Қайд гардид, ки дар соҳа барои таъмини беморон ва муассисаҳои тандурустӣ ва бошандагони муасссисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  маводи хурока, аз ҷумла картошка 219,4 тонна, пиёз 109,7 тонна,  равған  33310 литр, орд  203,3 тонна ва дигар намуди хӯрока 178,2 тонна захира  карда шудааст.

Ҳамчунин, бо мақсади беҳтар намудани таъминоти беморон бо маводи ғизоӣ дар назди як қатор муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ 155,64га замин ҳамчун заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон таъсис дода шуд, ки аз ин 99,15га заминҳои полезӣ ва 56,49га дигараш бошад, боғҳои мевадиҳанда ва дарахтони сояафканро дарбар мегирад. Дар заминҳои полезӣ сабзавотҳо, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, помидор, лаблабу, каду ва дигар маҳсулотҳо парвариш карда шуда, барои ғизои беморон мавриди истифода қарор дода шуданд.

 Миқдори дегхонаҳои буғии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки дар ҳолати корӣ қарор доранд 225 адад аз онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 адад, вилояти Хатлон 13 адад,  вилояти Суғд 153 адад, шаҳри Душанбе 3 адад, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 30 адад ва муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳуриявӣ 17 адад дегхонаҳои буғӣ омода ва мавриди истифода қарор доранд.

Бо мақсади истифодаи самараноки энергияи гармӣ ва сарфаҷӯии нерӯи барқ ҷиҳати пайвастшавӣ ба шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе аз 116 муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгир шудаанд, 90 муассиса (43 муассисаи ҷумхуриявӣ, 47 муасисаи шаҳрӣ) ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст мебошанд, 12 муассиса (4 муассисаи ҷумхуриявӣ, 8 муассисаи шаҳрӣ) аз дегхонаҳои локалӣ гармиро истифода мебаранд ва 14 муассиса (7 муассисаи ҷумҳуриявӣ, 7 муассиса шаҳрӣ) системаи дохилӣ барои қабули гармии муттамарказ омода буда, дар ҳолати гузаронидани хатҳои шабакаҳои гармидиҳӣ дар маҳалли ҷойгиршавии онҳо ба ин хатҳо пайваст карда мешаванд.

Доир ба иҷрои “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар 11 моҳи соли 2023 директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)” Сатторов Сафар баромад намуд.

Гуфта шуд, ки вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО/БПНМ) дар давоми 40 соли охир ба яке аз мушкилоти асосии аҳли сайёра табдил ёфтааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли ин мушкилот бетараф нест. Эпидемияи ВНМО на танҳо ба системаи тандурустии кишварҳо, балки ба иқтисодиёти давлатҳо низ таъсири манфии худро мерасонад.

Мутобиқи таҳлилҳои ТУТ ва Барномаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба пешгирии ВНМО аз аввали бақайдгирии ВНМО то охири соли 2022 зиёда аз 85,6 миллион одамон дар ҷаҳон ба ин сироят гирифтор шуда, аз онҳо 40,4 миллион нафар фавтидаанд, ки 47,2%-ро ташкил медиҳад. Дар охири соли 2022 ҳамагӣ дар ҷаҳон зиёда аз 39 миллион шахсони бо ВНМО зиндагикунанда буда, аз онҳо 1,3 миллион шахсони сироятшуда танҳо дар соли 2022 дарёфт карда шудаанд. Мутобиқи таҳлилҳои ҷаҳонӣ дар соли 2022 танҳо 86% шахсони сироятшуда оиди бемории худ огоҳ буда, танҳо 76% онҳо ба табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифта шудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти хеш оиди пешгирӣ ва мубориза ба эпидемияи ВНМО, ҳамаи ҳуҷҷатҳои муҳими Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳидро, ки ба пурзўр намудани фаъолият баҳри барҳам додани эпидемияи ВНМО то соли 2030 дар ҷаҳон равона гардидаанд ва яке аз бахшҳои муҳим дар чорчубаи расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мебошанд, ҳамаҷониба эътироф намуда, дастгирӣ менамояд.

Бо мақсади амалӣ намудани маҷмўи чорабиниҳои муқовимат ба паҳншавии ВНМО, пешгирии паҳншавии сироятпазирии вируси норасоии масунияти одам, кам кардани таъсири мубталошавӣ ба беморӣ, расонидани ёрии тахассусии тиббӣ ба шахсони мубталои ВНМО/БПНМ ва сабук гардонидани оқибати он барои ҳар як нафар ва тамоми аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ, риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва озодиҳои инсон, шурӯъ аз соли 1997 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаҳои миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО/БПНМ қабул ва татбиқ мегарданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар даврони 30 соли соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар 7 барномаҳо ва нақшаҳои стратегӣ дар самти муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам қабул ва амалӣ карда шуданд.

Номбурда ҳамзамон доир ба дигар паҳлуҳои ин масъала низ маълумот пешниҳод намуд.

Вобаста ба “Таҳлили воқеии хизматрасонии тиббӣ дар самти ташхис, табобат ва назорати бемориҳои тарбодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурова Сурайё оид ба бемориҳои тарбодӣ ба ҳозирин маълумот пешниҳод кард.

Бемориҳои тарбодӣ – ин гурӯҳи калони бемориҳо (зиёда аз 100), ки сабабҳои гуногуни илтиҳобӣ, аутоиммунӣ ва метаболикӣ дошта, сол аз сол тамоюли болоравӣ доранд. Бемориҳои тарбодӣ ба гуруҳи бемориҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳамиятнок дохил мешаванд ва на танҳо ба бемор ва оилаи ӯ, балки ба тамоми ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд. Ин ба паҳншавии васеи онҳо, хосиятҳои клиникӣ ва патогенетикӣ (равиши музмин, системавӣ, прогрессивӣ, ба ҳаёт таҳдидкунанда), паст шудани қобилияти корӣ ва давомнокии умр, маъюбии бармаҳал, бад шудани сифати зиндагии беморон ва арзиши баланди табобати онҳо вобаста аст. Инчунин, ин гурӯҳи бемориҳо новобаста аз ҷинс ва синну сол метавонанд  таъсир расонанд, аммо вобаста ба бемории мушаххас таносуби гендерӣ метавонад ба фоидаи ин ё он ҷинс тағйир ёбад.

Баҳри омодагӣ ҷиҳати иҷрои «Нақшаи ҷаласаҳои мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023» дар асоси зербанди 2 «Нақшаи гузаронидани таҳлили муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ» фармоиши вазорат аз 20 октябри соли 2023, №317 таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба беморони тарбодӣ дар муассисаҳои тандурустии давлатии сатҳи беморхонавӣ ва шабакаҳои муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии вилояти Хатлон, вилояти Суғд, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе аз ҷониби гуруҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуд.

Доир ба масъалаи чорум-“Таъмини дастрасии пиронсолон ба кумаки тиббӣ  ва хизматрасонии иҷтимоӣ” гузориши сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат Қурбонзода Қудратулло шунида шуд.

Зикр гардид, ки  ҳифз ва нигоҳ доштани саломатии пиронсолон барои ҷамъият ва давлат на танҳо ахамияти калони иҷтимоӣ, балки иктисодӣ низ дорад, зеро аз сатҳи саломатӣ имконият ва дараҷаи иштироки одамони куҳансол дар фаъолияти мехнатӣ, харочотҳои бахши нигаҳдории тандурустӣ, вакти аҳолии кобили меҳнат ба нигохубини бемор сарфшуда алоқаманд мебошанд. Бинобар ин роҳандозӣ намудани маҷмуи чорабиниҳои хусусияти, ҳам тиббӣ ва ҳам иҷтимоӣ дошта хеле зарур мебошанд, ки ба давом додани давраи коршоямии фаъоли пиронсолон, нигоҳ доштани сифати зиндагӣ ва қобилияти худхизматрасонии онҳо равона карда шудаанд.

Табиист, ки барои амалӣ гардондани чунин кафолатхо бояд системаи аник ташкил кардашуда ва хуб ба роҳ мондашудаи хизматрасонии тиббӣ ва ичтимоӣ, инчунин шумораи зарурии мутахассисони тайёркарда таъмин бошад, ки тавонанд ба пиронсолон ёрии оқилона, камхарҷ ва хаматарафаи тахассусиро расонанд.

Яке аз масъалаҳои муҳими дигар дар самти таъмини ҳуқуқҳои пиронсолон -ин фарогирии онҳо ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ мебошад. Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хусусан гурўҳҳои осебпазири ҷамъият яке аз ҳадафҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат буда, ба таъмини кафолатноки ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон равона шудааст. Тибқи моддаи 39 Конститутсияи Тоҷикистон “Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад”.

Бо мақсади амалисозии муқаррароти мазкур ва таъмини дастрасии шаҳрвандони эҳтиёҷманд ба хизматрасонии иҷтимоӣ аз 5 январи соли 2008, таҳти №359  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ”  қабул гардида, дар он асосҳои ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ муқаррар гардида, муносибатҳо ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба хизматрасонии иҷтимоӣ танзим гардиданд.

Дар баробари ин як қатор зерсанадҳое, ки аз муқаррароти қонуни мазкур бармеоянд, қабул гардида, мавриди амал қарор доранд, ки “Консепсияи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиб ва ҳаҷми пешниҳод намудани хизматрасониҳои ройгони иҷтимоӣ”, ва “Дар бораи Тартиби хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ ва дар муассисаҳои будубоши доимии хадамоти иҷтимоӣ” аз зумраи онҳо мебошанд.

Дар фарҷоми ҷаласа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, махсусан, одоби муоширати табибон бо беморон, беҳтар намудани сифати хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббӣ, таъмиру тармими биноҳо, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва баҳри бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.

Доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 11
  • 710
  • 1,242
  • 949,730