Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат баргузор гашт

Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат баргузор гашт
Апрел 05
08:55 2024

4-уми апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал майор Наботов Меҳроҷиддин, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, роҳбарони хадамот ва агентиҳои соҳавӣ, сардорони раёсат ва шӯъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Ҷаласаро вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ифтитоҳ намуда, суханро ба намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал майор Наботов Меҳроҷиддин дод.

Номбурда  дар мавзӯи “Пешгирии экстремизм ва терроризм: Нақши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад кард.

Тавре гуфта шуд, воқеан ҳам  экстремизм ва терроризм имрӯзҳо ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, боиси нигаронии кулли сокинони олам гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳои худро бар зидди хатарҳои замони имрӯз ҳамчун шарики табиии тамоми давлатҳои дунё ҳадафмандона амалӣ намуда, дар ин самт омодагии худро бо андешидани тадбирҳои мушаххас ва муборизаи самарабахш ифода менамояд.

Таҳия ва қабули “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025”, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-июни соли 2021, №187 ба тасвиб расидааси, муборизаи дастаҷаъмонаи ҷомеаи шаҳрвандии мамлакатро бар зидди ин падидаи хатарзо тақозо менамояд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025” дар якҷоягӣ бо мақомоти марбута дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм пайваста тадбирҳои муҳимро амалӣ менамояд.

Аз ҷумла дар доираи нақшаи чорабинии мазкур мулоқоту вохуриҳои намояндагони ҳифзи ҳуқуқ пайваста бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  оид ба пешгирии  экстремизм ва терроризм ташкил ва баргузор карда мешавад.

Инчунин, номбурда доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 9 марти соли равон зимни мулоқоташон бо намояндагони дин ва фаъолони ҷомеа вобаста ба пешгирии амалҳои номатлуби ҷомеа баён доштанд, низ мулоҳизаронӣ намуд.

Дар идомаи ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат  се масъала- “Вазъи гузаронидани муоинаи тиббии наврасон ва солимгардонии онҳо дар сатҳи шабакаи муассисаҳои КАТС-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2023”, “Таҳлили иҷрои Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, №808 тасдиқ гардидааст” ва “Фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар солҳои 2021, 2022 ва 2023 дар самти расонидани  кумакҳои унвонии иҷтимоӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Доир ба мавзӯи якуми ҷаласа сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи вазорат Набиев Зоир баромад кард.

Тавре зикр гардид, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  беҳтар намудани нишондодҳои солимии наврасонро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мешуморад. Бо мақсади арзёбӣ намудани сатҳу сифати фаъолияти ҳуҷраҳои наврасон дар банди 13-и Нақшаи кории ҷаласаи мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 омўзиши “Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба наврасон” ба нақша гирифта шуд.

Аз ин лиҳоз, ҷиҳати иҷрои банди мазкур, гурўҳи корӣ бо фармоиши  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06 феврали соли 2024, №76 вазъи хизматрасонии тиббӣ ба наврасонро дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавриди омўзиш қарор дод.

Гурўҳи корӣ фаъолият ва ҳуҷҷатгузории ҳуҷраҳои наврасонро ҳаматарафа омўхта, дар рафти санҷиши кортҳои  наврасони  беморон, варақаҳои амбулаторӣ, ба назорати пайваста ва солимгардонии наврасон аҳамияти махсус дода шуд.

Дар идома номбурда доир ба ҳисоботҳои омории соли 2023 ва санҷиши гурўҳи кории вазорат дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо низ ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуд.

Доир ба “Таҳлили иҷрои Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, №808 тасдиқ гардидааст”, директори Муассисаи давлати “Маркази ҷумҳуриявии ғизо” Ҳақназаров И.А. маълумот дод.

Тавре гуфта шуд, Нақшаи амалисозии стратегия аз 44 банд иборат буда, 39 банди он 88,6 % ба пурраги иҷро гардида, 5 банди дигар қисман иҷро шудаанд.

Аз 44 банд 30 (68,1 %) банди он ба зиммаи зерсохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардидааст, ки аз ин 27 банд иҷро гардидааст, ки 90 %-ро ташкил медиҳад. 14 банди стратегияи мазкур ба зиммаи дигар вазорату идораҳои алоқаманд вогузор гардидааст, ки аз ин 11 банд иҷро гардида, 78,5 %-ро ташкил медиҳад.

Баъдан, доир ба иҷрои ҳар банди нақшаи амалисозии стратегияи мазкур низ ба иштирокчиёни ҷаласа маълумот пешниҳод карда шуд.

Вобаста ба мавзӯи сеюм, яъне “Фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар солҳои 2021, 2022 ва 2023 дар самти расонидани  кумакҳои унвонии иҷтимоӣ” директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким Холзода баромад кард.

Қайд гардид, ки кумакҳои унвонии иҷтимоӣ асосан дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ” аз  24 феврали соли 2017, №1396,   қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020 №271 «Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва як қатор санадҳои дохилиидоравии соҳавӣ, аз қабили Методикаи муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони  камбизоат барои гирифтани  кумаки унвонии иҷтимоӣ  ба танзим дароварда мешавад.

Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар фаъолияти худ давоми давраи ҳисоботӣ санадҳои болозикрро мавриди роҳбарӣ ва иҷро қарор дода, айни замон дар сохтори дастгоҳи марказӣ ва сохтори идоракунии он як раёсат (Раёсати кафолати кумакҳои иҷтимоӣ), 5 Маркази минтақавии ҳамоҳангсозӣ дар шаҳрҳои Хоруғ, Душанбе, Хуҷанд, Кўлоб ва ноҳияи Рашт ва дар  сатҳи ҷумҳурӣ  127 нозир коргузор фаъолият менамоянд.

Тибқи қонуни мазкур асосан расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар 2 шакл, кумаки пулӣ ва кумаки моддӣ пешбинӣ гардида, ваколатҳои мақомоти дахлдор дар самти расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ муайян карда шудааст.

Гуфта шуд, ки дар заминаи Қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои  саривақтии  чорабиниҳои ба ин самт вобаста буда  “Барномаи давлатии расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020”  амалӣ гардид, ки  моҳи феврали соли 2021 дар ҷаласаи мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи кории ҷаласаҳои мушовараи вазорат барои соли 2021 иҷрои “Барномаи давлатии расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” ва давоми солҳои 2022 – 2023  ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020 №271 «Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Барои  расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ  дар шакли кумаки пулӣ ҳамасола аз буҷети ҷумҳурӣ маблағҳои муайяне ҷудо шуда, ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии  аҳолии ниёзманд, яъне гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, ки ба дастгирии иҷтимоӣ  эҳтиёҷ доранд,  равона мегарданд.

Кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои (шаҳрвандони) камбизоат дар шакли кумаки пулӣ ҳамчун  низоми  нав ҷорӣ гардида, дар марҳилаи аввал ҳамчун  механизми таҷрибавӣ дар шаҳру ноҳияҳо амалӣ гардида буд.

Дар анҷоми ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 38
  • 989
  • 887,392