Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат баргузор гашт

Апрел 20
16:38 2024

20-уми апрели соли равон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид, ки дар он  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, роҳбарони хадамот ва агентиҳои соҳавӣ, сардорони раёсат ва шӯъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Дар ҷаласа ду масъала- “Ҷамъбасти фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли 2024 ва вазифаҳо барои то охири соли 2024” ва “То ба ҷойи кор ҳозиршавии хатмкардаҳои солҳои таҳсили 2020-2023 Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” ва хатмкардаҳои соли таҳсили 2021-2023 коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар мавзӯи якуми ҷаласа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баромад кард.

Тавре гуфта шуд, кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Дар ин давра дар шаҳри Душанбе Шарҳи якҷояи солонаи соли сеюми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-3) бо иштироки васеи намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату  идораҳо ва дигар ташкилотҳои ғайридавлатӣ  баргузор гардид, ки дар натиҷа лоиҳаи Резолютсияи Саммит-3 ва Нақшаи амалисозии “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар соли 2024 баррасӣ ва қабул гардиданд.

Дар давраи сипаригардида бо мақсади 40 фоиз зиёд гардидани музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ  ва стипендияҳо аз 1 июли соли 2024 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024, №671 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2024, №5 “Дар бораи тадбирҳои амалисозии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024, №671” ба тасвиб расид. Ҷиҳати иҷрои фармони мазкур фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 23 январи соли 2024, №35 омода ва тасдиқ карда шуда, барои иҷроиш ба муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дастрас карда шуд.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, таҳти №600 «Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» дар семоҳаи якуми соли 2024 ба 7 муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ барои гузаштан ба хизматрасонии музднок ба бахшҳои ёрирасон ва шӯъбаҳои беморхонавӣ иҷозат дода шуд, ки айни ҳол тибқи қарори мазкур 402 муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд.

Бо мақсади амали намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” дар муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мувофиқи маълумотҳо айни ҳол 1363 адад воситаҳои пардохтҳои электронӣ, аз ҷумла 743 адад постерминалҳо ва 620 адад QR- рамзҳо дар 446 муассисаҳо насб гардида, хизматрасониҳо аз тарафи аҳолӣ дар ин самт давра ба давра муътадил гардида истодааст.

Инчунин, дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар самти ташхис 8 адад ва дар бахши табобат 9 адад навовариҳо дар амал ҷорӣ карда шудаанд.

Айни ҳол дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 584 ҳуҷраҳо барои хатнаи кӯдакон фаъолият дошта, дар 3 моҳи соли равон ба 28 174 нафар кӯдакон амалиёти хатна гузаронида шудааст.

Бо мақсади иҷрои банди 59 – и “Тартиби гузаронидани аттестатсияи кадрҳои тиббӣ ва фарматсевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар 3 моҳи соли 2024 1338 нафар кормандони миёнаи тиббӣ ва 550 нафар табибон ба аттестатсия фаро гирифта шуданд.

Дар се моҳи соли 2024 дар соҳаи фарматсевтии мамлакат бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда, фаъолияти бисёре аз муассисаҳои фарматсевтӣ ва табобатию пешгирии ҷумҳурӣ таҳти назорат қарор дода шуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 63 корхонаҳои ватанӣ истеҳсоли 584 намуд доруворӣ ва молҳои тиббӣ, ки дар умум 338 номгӯйро ташкил медиҳад, ба роҳ мондаанд, ки аз онҳо дар шаҳри Душанбе 24 корхонаҳои истеҳсолӣ, дар вилояти Хатлон 12 корхонаҳои истеҳсолӣ, дар вилояти Суғд 12 корхонаҳои истеҳсолӣ, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 9 корхонаҳои истеҳсолӣ ва дар Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон 6 корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолият менамоянд.

Ҷиҳати назорати вазъи санитарию эпидемиологии мамлакат дар  се моҳи соли 2024 аз ҷониби мутахассисони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ  ва марказҳои он дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дар маҷмӯъ 53489кг маҳсулотҳои хӯрокаи пастсифат ва мӯҳлати истеъмолиашон гузашта аз муомилот боздошта шуда, тибқи муқаррароти муайянгардида нобуд карда шудаанд.

Дар самти фаъолияти хусусии тиббӣ айни ҳол дар ҷумҳурӣ 814 адад муассисаҳои хусусии тиббӣ фаъолият мекунанд.

Маврид ба зикр аст, ки ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар низоми функсионалии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зиёда аз 220 ташкилоту муассисаҳо ва хадамоти иҷтимоӣ фаъолият карда, дар умум зиёда аз 4008 нафар кор мекунанд.

Зимни баромади хеш Ҷамолиддин Абдуллозода ҳамзамон доир ба фаъолияти самтҳои дигари соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давраи ҳисоботӣ маълумот пешниҳод намуд.

Баъдан, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон низ доир ба фаъолияти сохторҳои зертобеи хеш дар семоҳаи аввали соли 2024 маълумот доданд.

Пас аз шунидани маърӯзаҳо масъалаву мушкилотҳои ҷойдоштаи соҳа мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода шуданд.

Доир ба масъалаи “То ба ҷойи кор ҳозиршавии хатмкардаҳои солҳои таҳсилии 2020-2023 Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Аӯбалӣ ибни Сино” ва хатмкардаҳои соли таҳсили 2021-2023 коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ”  сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми вазорат Саломиддин Юсуфӣ маълумот дод.

Бо назардошти мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа, аз ҷумла норасоии мутахассисон дар муассисаҳои тандурустӣ ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, пурзӯр намудани корҳои ободониву созандагӣ, одоби муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.

Доир ба мавзӯъҳои барррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 905
  • 1,242
  • 949,925