Хуҷанд: Ҷаласаи навбатии ҳолатҳои фавқуллодаи зиддиэпидемикӣ баҳри пешгирии бемориҳои сироятии эпизоотӣ баргузор гардид

Хуҷанд: Ҷаласаи навбатии ҳолатҳои фавқуллодаи зиддиэпидемикӣ баҳри пешгирии бемориҳои сироятии эпизоотӣ баргузор гардид
Феврал 03
09:07 2022

Дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ҷаласаи навбатии ҳолатҳои фавқуллодаи зиддиэпидемикӣ баҳри пешгирии бемориҳои сироятии эпизоотӣ бо иштироки сардори Раёсати тандурустии вилоят, сардухтурони сохторҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва госпиталӣ, марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази назоратии давлатии санитарию эпидемиологӣ, хоҷагиҳои манзилию хизматрасонии коммуналӣ, шуъбаҳои безараргардонии шаҳру ноҳияҳо, Раёсати кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд, беморхона ва диспансерҳои бемориҳои зидди сил сурат гирифт.

Дар ҷаласа сардори Маркази назоратии давлатии санитарию эпидемиологии вилоят Тахмина Усмонова оид ба вазъи бемориҳои эпизоотӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят, сардори Маркази ҷумҳуриявии зиддиэпизоотӣ дар вилояти Суғд Қурбон Оқилов доир ба вазъи бемориҳои эпизоотӣ дар байни ҳайвонот, сардори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилоят Зуфнуна Хоҷаева оид ба корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ҷиҳати пешгирии сироятҳои эпизоотӣ ва дигарон суханронӣ намуданд.


Таъкид шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи тандурустӣ соҳаи афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, солимии мардум боигарии давлат ва ҷузъии таркибии ҳадафҳои стратегии он дониста шудааст. Бояд қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ҳоло сатҳу сифати ташхису табобати беморон нисбат ба солҳои пеш хеле беҳтар гардида, барои ташхису табобат ба кишварҳои хориҷӣ рафтани шаҳрвандон бамаротиб коҳиш ёфтааст.

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш вобаста ба вазъи ногувори сирояти ҳорӣ, буғумдард, сӯхтанӣ, ки сарчашмаи асосии сироят ҳайвонот мебошанд, масъулини соҳаи санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳо, Раёсати кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд, сардухтурони сохторҳои КАТС ва госпиталӣ, сардорони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, сардорони хоҷагиҳои манзилию хизматрасонии коммуналӣ, шуъбаҳои безараргардонии шаҳру ноҳияҳо вилоятро зарур аст, ки корбариро дар самти пешгирии бемориҳои эпизоотӣ ҷоннок намуда, баҳри сари вақт ошкор ва бартараф намудани қонуншиканиҳо чораҳои мушаххас андешанд.


Бо вазифагузориҳои мушаххас ҷиҳати пешгирии бемориҳои болозикр бо амалӣ намудани чорабиниҳои профилактикӣ, баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолӣ ба масъулини соҳаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 720
  • 1,242
  • 949,740