Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба ғизои мактабӣ баргузор гардид

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ  оид ба ғизои мактабӣ баргузор гардид
Декабр 26
08:59 2020

25 декабри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба ғизои мактабӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи давлатии илмӣ– тадқиқотии «Ғизо»-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд, намояндаи Пажӯҳишгоҳи соҳавии ғизои Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ва Барномаи озуқаи ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд.

Тавре зикр гардид, ҳифзи сиҳатии кӯдакон яке аз масъалаҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо назардошти муҳимияти масъала, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат соли 2015 «Консепсияи рушди ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 2017 «Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027»-ро таҳия ва тасдиқ намуда, айни замон татбиқи онҳо дар мактабҳои пилотӣ давом дорад.

Инчунин, бо дастгирии Ҳукумати Федератсияи Россия барои татбиқи лоиҳаи рушди системаи ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 маблағи 21,2 миллион доллари амрикоӣ ҷудо гардидааст. Ҳамзамон, «Нақшаи амал оид ба татбиқ намудани лоиҳаҳои таҷрибавии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар 50 мактабҳои вилояти Хатлон ва водии Рашт татбиқ  гардида, он ба беҳтар намудани инфрасохтор ва заминаи моддӣ-техникии ошхонаҳои мактабӣ ва шаклҳои самараноки ташкили ғизо дар мактабҳои мамлакат  мусоидат намуда истодааст.

Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба ғизои мактабӣ масъалаи иҷроиши банд ба банди нақшаи татбиқи «Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017, №456 тасдиқ гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи соҳа, аз ҷумла таъмини мактаббачагон бо ғизои солим аз ҷониби иштирокчиён таклифу пешниҳодоти муфид ироа гардиданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 718
  • 1,242
  • 949,738