Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Сентябр 30
14:56 2021

Имрӯз, 30 сентябри соли равон дар меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025  ва “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак барои солҳои 2020-2024” баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, муовини намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) Зайнаб-ал- Аззавӣ, шарикони рушд, намояндагони вазорату идораҳо ва кумитаҳои мамлакат, сардорони як қатор раёсатҳои зерсохтори вазорат ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Зулфия Абдусаматзода, муовини  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи ҷаласа аз таваҷҷӯҳи хосаи Роҳбарияти олии мамлакат ба масъалаҳои беҳтар  намудани хизматрасонии тиббӣ ба модар ва кӯдак ва беҳтарсозии ғизо ёдовар шуда, махсус таъкид намуд, ки дар ин самт “Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2021 тасдиқ гардидааст, ки аз таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат ба ин масъала дарак медиҳад.

Зикр гардид, ки ғизо омили аввалиндараҷаи таъмин саломатии инсон ба шумор рафта, таъмини амнияти озуқаворӣ ва истеъмоли ғизои дуруст заминаи муҳим барои саломатии шахс ба шумор мераванд.

Таъкид гардид, ки ҳадаф аз қабули Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025-ин пеш аз ҳама беҳтар кардани вазъи ғизои модарону кӯдакон дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки дар ин самт аллакай корҳои муҳиму назаррас ба даст омада, фаъолият дар ин ҷода пурзӯр карда мешавад.

Муовини намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) Зайнаб-ал- Аззавӣ аз талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва ғизои солим ба модарон ва кӯдакон истиқбол намуда, гуфт, таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати Тоҷикистон ба ин масъала барои ба воя расидани насли солим басо муфид ва саривақтӣ мебошад.

Дар идома як қатор мутахассисон доир ба ҷараёни татбиқи Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025  ва Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак барои солҳои 2020-2024 маълумот манзур намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 917
  • 1,242
  • 949,937