Амалишавии бобарори лоиҳаҳои инвеститсионӣ самараи Истиқлол аст

Амалишавии бобарори лоиҳаҳои инвеститсионӣ самараи Истиқлол аст
Сентябр 06
13:52 2021

Истиқлолият бузургтарин дастоварди  мардуми тоҷику тоҷикистониён аст. Имрӯз бо шарофати Истиқлол дар ҳама  самтҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дастовардҳои беназире ба чашм мерасад.  Ҳифзи сиҳатии мардум, ба камол расонидани насли солим яке аз ҳадафҳои асоии Раҳбарияти Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ба хотири беҳдошти саломатии аҳолии кишвар бо дастгирии бевоситаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмону таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардонидани муассисаҳои тиббӣ, дар шаҳру навоҳии дурдасти кишвар фароҳам сохтани муассисаҳои беҳдоштӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи кормандони соҳаи тиб идома дорад. Дар ин самт бо шарофати сиёсати сулҳдӯстонаи Пешвои муаззами миллат, дар доираи ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд Лоиҳаҳои инвеститсионӣ амалӣ мегарданд.

Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Бонки умуимҷаҳонӣ аз моҳи ноябри соли 2013 ба фаъолият оғоз намуд.

Ҳадаф ва вазифаҳои лоиҳа такмили сифат ва дастрасии хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) дар муассисаҳои тиббии деҳотӣ ба аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии вилоятҳои Хатлону Суғд ва ВМКБ буда, тавассути усулҳои муосири маблағгузории соҳаи тандурустӣ, асосан “Маблағгузорӣ дар асоси натиҷаҳои фаъолият” (МАНФ), бо ҳамбастагӣ дар такмили иқтидори кадрӣ, ҳолати инфрасохтор ва заминаи моддию техникии муассисаҳои КАТС амалӣ мегардад.

Лоиҳа дар назди худ вазифа гузошт, ки бо ҳавасманд намудани кормандони муассисаҳои тиббӣ, барои беҳтаргардонӣ, фарогирӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои КАТС саҳм гузорад. Ҳамзамон пардохти маблағи иловагӣ барои кормандони тиб, ҷиҳати кам намудани пардохтҳои ғайрирасмӣ ва баланд бардоштани масъулияти онҳо барои натиҷаҳои ниҳоӣ мусоидат намуд. Маблағҳои МАНФ дар ду шакл пардохта мешаванд. Аз 100 % маблағи коркардаи кормандони муассисаҳо 70% он барои пардохти музди меҳнати иловагӣ ва 30% барои харидории маводҳои зарурии хизматрасонии тиббӣ равона карда шудааст.

Манфиатгирандагони Лоиҳа зиёда аз як миллиону сесад ҳазор аҳолӣ ва зиёда аз 2800 кормандони тибро ташкил мекунанд.

Дар доираи татбиқи МАНФ марказҳо ва бунгоҳҳои саломатӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ ба миқдори 7 645 284,4 доллари ИМА хизмат расонидаанд.

Кормандони марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳо тавонистанд дар муддати фаъолияти Лоиҳа аз ин ҳисоб асбобҳои заруриеро чун мизу курсӣ, ҷевону яхон ва дорувории заруриро харидорӣ намоянд. Тамоми муассисаҳо дар ин муддат аз таъмири даврӣ ё пурра бароварда шуда, кормандонашон бо либоси тиббӣ таъмин карда шуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ибтидои фаъолияти Лоиҳа, соли 2014 вазъи хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои Фархор, Дангара, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвони вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Деваштич ва Масчоҳи вилояти Суғд мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифта буданд. Барои муқоиса ҳамчунин 9 навоҳии дигаре, ки бо ноҳияҳои таҷрибавӣ дар як мавқеъи ҷуғрофӣ ҷойгиранд, интихоб шуда буданд. Дар интиҳои соли 2018 даври такрории ин назарпурсӣ аз тарафи ташкилоти мустақили “Зеркало” гузаронида шуд.

Аз натиҷаи ин таҳлилҳо намояндагони Боки умумиҷаҳонӣ зикр намуданд, ки дар ноҳияҳои таҷрибавие, ки маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолият ба роҳ монда шудааст, сифати хизматрасонии тиббӣ ба маротиб боло рафтааст. Истифодабарандагони ин Лоиҳа, роҳбарони раёсатҳои тандурустии вилоятҳои Суғд ва Хатлон аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки маблағгузорӣ дар асоси натиҷаҳои фаъолият ба кормандони тиб дар маҳалҳо ва беҳтар кардани инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ дар деҳот кумаки назаррасе расонид.

Бо мақсади беҳтаргардонии иқтидори кадрии сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои таҷрибавӣ аз аввали амалисозии Лоиҳа як қатор даврҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд, ки дар онҳо 10249 нафар мутахассисон иштирок намуданд. Аз ҷумла, 617 нафар мутахассисон бо давраҳои бозомӯзии тибби оилавӣ, 3798 нафар мутахассисони КАТС-и ноҳияҳои таҷрибави бо давраҳои омӯзишии муттасил, 236 нафар корманди тибби ноҳия бо даврҳои омӯзишии якмоҳа оид ба беҳтар намудани малакаи хизматрасонии тиббӣ, 318 нафар бо кори таҳлилӣ ва идоракунии партовҳои тиббӣ, 543 нафар мутахассисон бо давраҳои омӯзишӣ оид ба маълумотнокии компютерӣ ва 5055 нафар бо давраҳои омӯзишӣ оид ба принсипҳо ва механизмҳои асосии маблағгузории муассисаҳои тандурустӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолият ва истифодабарии барномаи электронии DHIS-2 фаро гирифта шудаанд.

Ба хусус сохта ба истифода додани 37 маркази саломатии деҳот ба маблағи 4 965 060,26 доллари ИМА бо манбаи панелҳои қудратии офтобӣ ба маблағи 249183 доллари ИМА ва бо таҷҳизоти тиббиву ташхисӣ ва мебели тиббӣ ба маблағи 518768 доллари ИМА таъмин намудани онҳо, дастрас намудани 20 адад нақлиёти санитарӣ ба маблағи 600 000 доллари ИМА, бозомӯзии мутахассисони зиёд устувории ин Лоиҳаро дар оянда таъмин месозад.

Роҳбарияти олии кишвар  ва роҳбарони ноҳияҳои таҷрибавӣ аз сифати сохтмон ва таҷҳизоти он изҳори қаноатмандӣ намуда, аз ҷумла зикр карданд, ки дар баробари ба истифода додани ин муассисаҳо мушкилоти мардум ба хубӣ ҳалли худро меёбад. Маркази саломатии “Меҳробод” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Президенти мамлакат аз дастгирии Бонки умумиҷаҳонӣ изҳори сипос намуд.

Муассисаҳои дигари тандурустӣ бо иштироки муовини сарвазири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муовинони вазир, раисони вилоятҳои Суғд ва Хатлон, раисони ноҳияҳо мавриди истифода қарор гирифтанд.

Намояндаи собиқи дафтари Бонки умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Туркманистон, ҷаноби Ян-Петер Олтерс борҳо зимни вохӯриву суҳбатҳои самимӣ бо роҳбарияти Вазорат иброз дошт, ки аз рафти амалисозии Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”, ки дар назди Вазорат бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ амал карда истодааст, қаноатманд аст ва ин Лоиҳа тавонист дар ноҳияҳои таҷрибавии вилоятҳои Суғд ва Хатлон барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, тариқи пешниҳоди маблағҳои иловагӣ ва сохтмони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ, саҳми сазовор гузорад.

Маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият (МАНФ) аслан барои беҳдошти хизматрасонӣ дар самти ҳифзи сиҳатии модару кудак, ташхису табобати фишорбаландӣ равона карда шудааст.

Ба ҷуз ин намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ механизми нави беҳтаркунии сифат ва кортҳои шаҳрвандиро роҳандозӣ намуданд, ки тавассути онҳо

таъсири воридсозии мезанизми маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият баҳогузорӣ карда мешавад.

Механизми муштараки беҳтаркунии сифат ба хотири омӯзонидани кормандони тиб, фароҳам овардани шароиту имкониятҳои бештар барои хизматрасонии босифати тиббӣ равона карда шудааст. Кортҳои шаҳрвандӣ бошанд иштироки фаъолонаи аҳолӣ, истифодабарандагони хизматрасониҳои тиббиро дар роҳандозии фаъолонаи хизматрасонии тиббӣ ва ба ҳукуматҳои маҳаллӣ бошад барои бурдани назорат аз болои фаъолияти кормандони соҳаи тиб мусоидат менамояд.

Кортҳои шаҳрвандӣ як намуди ҳисоботест, ки дар натиҷаи вохуриҳо бо аҳолии маҳал ва кормандони тиб пур карда мешавад ва дар натиҷаи он мушкилоту пешниҳодоти аҳолӣ нисбати сифати хизматрасонӣ ва дастгирии байниҳамдигарии аҳолӣ, кормандони муассисаҳои тиббӣ ва роҳбарияти ҳукуматҳои маҳаллӣ таъмин мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи таҳлилҳои беруна маълум шуд, ки дар ин давра аз ҷумлаи ҳолатҳои фарқкунандаи ноҳияҳои таҷрибавӣ чунин дастовардҳоро метавон ном бурд:

Пешравии назаррас дар идоракунӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ, захираи маводи дорувории кумаки аввалия, таъсири назаррас дар дастрасӣ ба таҷҳизоти тиббӣ ва лабораторӣ дар Марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳо, будани занҷираи хунукидиҳанда барои интиқол ва нигоҳ доштани васинаҳо.

МАНФ дар ҳама ноҳияҳо таъсири хубе дар пешгирӣ, ба қайд гирифтан ва табобати гирифторони бемории диабети қанд гузошт ва инкишофи кудакони то 5 сола, таъмин бо кислотаи фолат ба маротиб боло рафт. Тамоми муассисаҳое, ки МАНФ фаъолият мекунад, бо протоколҳои клиникӣ ва дастурамалҳо таъминанд. Даромади моҳонаи кормандони муассисаҳои тиббие, ки бо МАНФ фаъолият доранд, 445 сомонӣ бештар аст.

Аз аввали татбиқи лоиҳа бо мақсади беҳтаркунии заминаи моддию техникии муассисаҳои КАТС-и ноҳияҳои таҷрибави таҷҳизотҳои тиббӣ ба маблағи 1 714 439 доллари ИМА, таҷҳизотҳои компютерӣ ба маблағи 272501 доллари ИМА, борхалтаҳои тиббӣ ба маблағи 340 241 доллари ИМА, занҷираи сармои ба маблағи 147335 доллари ИМА харидорӣ шудааст. Дар баробари ин, барои Маркази вилояти ва ҷумҳурияви таълимию клиникии тибби оилавии вилояти дастурамалҳо ва адабиётҳои тиббӣ ба маблағи 188293 доллари ИМА, фантом ва манекенҳо ба маблағи 155211 доллари ИМА харидорӣ карда шудаанд.

Назарсанҷии аҳолӣ нишон медиҳад, ки сафи муроҷиаткунандагони калонсол ба Марказҳои саломатӣ ба маротиб афзудааст. Ҳангоми пурсишҳо аҳолӣ қаноатмандии худро дар ҳама ҷо изҳор дошта, хизматрасонии саривақтӣ ва ба хусус ба таври доимӣ чен кардани фишори хуни муроҷиаткунандагон, назорати доимии инкишофи қаду вазни кудаконро боиси дастгирӣ ҳисобиданд.

Ба хусус вохуриҳо бо аҳолӣ ва ҳамкории зич доштан ба аҳли деҳаву ҷамоатҳо якдигарфаҳмиро дар ин маҳалҳо афзудааст. Кормандони тиб низ дар навбати худ ҳама фикру дархости аҳолиро ба назар мегиранду дархосташонро дар доираи шароиҳои мавҷуда қонеъ месозанд.

Дар ин давра ду маротиба  маҷмӯи дастурҳои клиникӣ оид ба ташхису табобати беморон дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз чоп бароварда шуда, дастраси  табибони оилавӣ дар саросари кишвар гардонида шуд.

Ба хотири идомаи босамари фаъолияти Лоиҳа маблағгузории иловагии дуюм пешниход ва аз ҷониби Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд, ки дар доираи он 6 ноҳияи дигар вориди ин механизм гардида, дар маҷмӯъ фаъолияти Лоиҳа дар 16 ноҳия, аз ҷумла ноҳияҳои Кушониён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кулоб, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Зафаробод ва Дарвоз ба роҳ монда мешавад.  Бо назардошти натиҷаҳои бадастомада ва такмимли механизми номбурда самтҳои фаъолият ва талаботҳо нисбат ба сифати хизматрасонии тиббӣ дар маҳалҳо бозбинӣ гардида, ҳамзамон дар 10 ноҳияи таҷрибавии амалкунанда даврҳои бозомӯзӣ баргузор карда шуд.

Ҳавасманд намудани кормандони  муассисаҳои тиббӣ, барои беҳтаргардонӣ, фарогирӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои  КАТС, зиёд намудани пардохтҳо барои кормандони тиб, ҷиҳати  пешгирии пардохтҳои ғайрирасмӣ  ва баланд бардоштани  масъулияти онҳо барои натиҷаҳои ниҳоӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои дарпешгузоштаи Лоиҳа буд.

Таҷриба нишон дод, ки хариди маҳсулотҳои  зарурӣ барои беҳтар намудани сифати  хизматрасонии тиббӣ аз ҳисоби маблағҳои бадастоварда ва зиёд намудани маблағ барои хизматрасонии афзалиятноки  КАТС тариқи  маблағҳои иловагӣ, барои дастгирии моддӣ ва беҳтар намудани шароити корӣ дар муассисаҳои тиббии деҳот мусоидат намуд.

Аз ин хотир барои идомаи ин ҳамкории самаранок Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд  оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» (маблағгузории дуюми иловагӣ), ки      16 ноябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, якдилона қабул карда шуд.

Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» яке аз лоиҳаҳои амалкунанда ва афзалиятнок ба шумор рафта, ба «Стратегияи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Умумиҷаҳонӣ барои солҳои 2019-2023» ворид карда шудааст, ки анҷоми он соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи «Маблағгузорӣ дар асосӣ натиҷаҳои фаъолият» татбиқи таҷрибавии маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолият (МНФ) дар зинаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар даҳноҳияи вилоятҳои Хатлон (Ёвон, Данғара, ҶалолиддиниБалхӣ, Фархор, Қубодиён) ва Суғд (Спитамен, ҶабборРасулов, Деваштич, Мастчоҳ) ва ноҳияи Файзобод ва васеъкунии минбаъдаи татбиқи МАНФ дар 6 ноҳияҳои нави таҷрибавии ҷумҳурӣ (Кӯшониён, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, Зафарободи вилояти Суғд ва Дарвози ВМКБ) дастгирӣ карда шуд. Ҳамин тавр, татбиқи механизми МНФ дар 16 ноҳияҳои таҷрибавӣ дар соли 2021 банақша гирифта шудааст.

Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” яке аз беҳтарин Лоиҳаҳо дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки умумиҷаҳонӣ дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳисобида шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 737
  • 1,242
  • 949,757