Амалиёти хатна дар муассисаи нави замонавӣ

Амалиёти хатна дар муассисаи нави замонавӣ
Феврал 13
13:27 2019

12 – уми феврал дар ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон сохтмони асосии Маркази саломатии деҳоти Ширинчашма ба истифода  дода шуд.

Дар ҷараёни ифтитоҳи Маркази саломатии мазкур раиси ноҳияи Ёвон Амири Темур, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Сайдулло Маллазода, намояндагони Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар меҳмонони расмӣ  иштирок намуданд.

Корҳои сохтмонии асосии Маркази саломатии деҳоти Ширинчашма аз ҷониби ҶДММ “Ваҳдат” аз моҳи июли соли 2017 шурӯъ гардида, танҳо барои корҳои сохтмонӣ дар доираи амалисозии лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ 1 милиону 230 ҳазор сомонӣ сарф  гардидааст.

Бинои маркази саломатии мазкур дорои 7 ҳуҷра, аз қабили утоқи момодоя, духтури тибби оилавӣ, ҳуҷраи хатна, таҳлилгоҳ, бақайдгирӣ, доругузаронӣ ва ташноб барои кормандон ва нафарони имконияташон маҳдуд иборат мебошад.
Ҳамчунин, иншооти  ёрирасон, аз ҷумла  нақлиёти ёрии таъҷилӣ бо гараж, ҳоҷатхонаҳои занонаву мардона, печҳои махсус барои безараргардонии сӯзандору, чоҳ барои ҳолатҳои фавқулодаи сӯхтор ва манора барои таъмини оби нӯшокӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳуҷраҳои  корию  хизматрасонӣ  бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббию ғайритиббӣ, мизу курсӣ, ҷевону яхдон, шабакаи ягонаи гармидиҳӣ, дастгоҳҳои огоҳкунанда ҳангоми  сар задани сӯхтор муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Дар рӯзи аввали ифтитоҳи маркази саломатӣ  ба 10  нафар кӯдакони навзоди ҷамоати деҳоти  Ҳасан Ҳусейнов  амалиёти  хатна гузаронида шуд.

Пиру барнои деҳа, ки дар маросими ифтитоҳи  маркази саломатии деҳоти Ширинчашма ва хатнаи кӯдакон ширкат доштанд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастандаркорони ин лоиҳа ва сохтмончиён барои бунёди чунин як бинои замонавие, ки дорои тамоми шароитҳост, миннатдории хешро баён намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Август 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூலை    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,525
  • 2,153
  • 988,107