Амалиёти “Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман” бо иштироки намояндагони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷисму ҷон”

Амалиёти “Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман” бо иштироки намояндагони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷисму ҷон”
Май 17
18:26 2021

Ҷиҳати амалӣ намудани қарори Маҷлиси Раёсати Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 30 апрели соли 2021, намояндагони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамдастии Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷисму ҷон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман”-ро ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷисму ҷон” имрӯз, 17 майи соли равон  роҳандозӣ намуданд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷисму ҷон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳайати гурӯҳи кориро, ки намояндагони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ҳамидиён Илҳомҷон – мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқот ва Фируз Рузизода- мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо, Амробекова Руқия Ҷаборовна – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Ҷурахонзода Ҷумахон – муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ташкил медиҳанд, дар утоқи кории худ қабул намуд.

Дар утоқи корӣ баҳри тақвияти кор тибқи талаботҳои асосӣ аз қабили мавҷудияти шаҳодатномаи аъзои ҳизб, мувофиқат кардани ному насаби аъзои ҳизб, ки дар шаҳодатома дарҷ шудаанд бо варақаи шахсии аъзои ҳизб, мувофиқат кардани рақами шаҳодатнома бо варақаи шахсӣ, дақиқ муайян кардани супоридани ҳаққи аъзогӣ дар шаҳодатномаи ҳизбӣ ва муқоисаи он бо ведомости пардохти ҳаққи узвият, аз қайдгузарӣ дар муддати 5 сол, тарзи нигоҳ доштани шаҳодатномаи ҳизбӣ аз ҷониби Ҳамидиён Илҳомҷон ба Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ мақсади гуруҳи корӣ пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин оид ба ҳадафрас таблиғ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон миёни аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷисму ҷон” моҳе як маротиба аз Раиси ташкилоти ибтидоӣ дархост гардид.

Илова ба ин, бо иштироки Хайриддин Қурбонов – котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷисму ҷон” тибқи дастур оид ба гузаронидани амалиёти “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман” дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ аз ҷониби гуруҳи корӣ корҳои амалӣ ба анҷом расонида шуд. Барои ба даст овардани маълумоти дақиқ кор дар ин самт бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷисму ҷон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Ҳамчунин барои мукаммал намудани донишҳои аъзои ҳизб талаботҳои Низомнома оид ба тартиби бақайдгирии узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таблиғ карда шуд.

Иқдоми мазкур дар доираи баргузории маъракаи муқоисакунӣ ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин восита муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, тарзи нигоҳ доштани он, супоридани саривақтии ҳаққи узвият  ва тақвият бахшидани нуфузи ин ҳуҷҷати ҳизбӣ дар доираи талаботи Оиннома ва низомномаҳои ҳизбӣ то 10 июни соли ҷорӣ дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ идома дорад.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 309
  • 989
  • 887,663