Ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ намудани бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда тақвият меёбанд

Ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ намудани бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда тақвият меёбанд
Январ 07
12:24 2021

Бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ намудани бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда имрӯз, 7 январи соли равон  муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода бо намояндагони Сафорати Япония дар Тоҷикистон мулоқот намуд.

Сараввал Самариддин Ализода аз номи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Япония барои дастгириҳои пайваста изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Қайд гардид, ки Ҳукумати Япония аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ кӯмаки худро ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти  мубориза бар зидди бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда расонидааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои охир тасмим гирифт, ки ваксинаи сурхча-баногӯшак-гулафшонро ба тақвими миллии иммунизатсия ворид намояд. Ин ҳадаф ҳамчун чорабинии муҳим дар Барномаи миллии иммунопрофилактика низ дарҷ гардидааст. Хушбахтона, дар соли 2020 бо дастгирии Ҳукумати Япония ваксинаи сурхча-баногӯшак-гулафшон тавассути ЮНИСЕФ харидорӣ ва ба ҷумҳурӣ ворид карда шуд.

Дар идомаи вохурӣ ҷонибҳо ҷиҳати харидорӣ ва дастрас намудани ваксинаи сурхча-баногӯшак-гулафшон дар соли 2021 ба ҷумҳурӣ табодули афкор намуда, омодагии хешро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо иброз намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 712
  • 1,242
  • 949,732