Имрӯз, 3-юми апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода ва миссияи Эксимбонки Ҷумҳурии Корея оид ба сохтмони ояндаи Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сироятӣ ва таҳкими системаи тандурустӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг баргузор гардид.
Нахуст муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ меҳмононро ба бинои нави вазорат хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ёдовар шуд.
Баъдан ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ва сохтмони ояндаи “Маркази миллии бемориҳои сироятӣ ва таҳкими системаи тандурустӣ”-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар ин самт мубодилаи маълумот намуданд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади баррасӣ ва тасдиқи ҳаҷми лоиҳаи нақшаи генералии таъсиси системаи пешгирии бемориҳои сироятӣ миссияи Эксимбонки Ҷумҳурии Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, инчунин доир ба сохтмони ояндаи Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сироятӣ ва таҳкими системаи тандурустӣ” бо роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат вохурӣ анҷом доданд.
Бояд қайд намуд, ки самти пешгирии бемориҳои сироятӣ яке аз масъалаи афзалиятноки соҳа ба шумор рафта, ба самтҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, алалхусус бемориҳои ниҳоят хавфнок равона мегардад.
Дар анҷоми брифинг ҷиҳати сохтмони ояндаи Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сироятӣ ва таҳкими системаи тандурустӣ” байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эксимбонки Ҷумҳурии Корея Меморандум ба имзо расид.