Ҳамкориҳо дар самти пешгирии бемориҳои наркологӣ тақвият меёбанд

Ҳамкориҳо дар самти пешгирии бемориҳои наркологӣ тақвият меёбанд
Апрел 15
14:12 2021

Имрӯз, 15 апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода бо Брюн Евгений Алексеевич, Президенти Муассисаи давлатии буҷавии тандурустии “Маркази илмӣ-амалии наркологияи шӯъбаи тандурустии ш. Москва”, профессор, доктори илмҳои тиб, Сармутахассис оид ба бемориҳои наркологии Федератсияи Россия, раиси ҷаласаи ҳамоҳангсозии наркологҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), Шевцова Юлия Бронюсовна, мутахассиси пешбари илмии Муассисаи давлатии буҷавии тандурустии “Маркази илмӣ-амалии наркологии шӯъбаи тандурустии ш.Москва”, Меплихов Михаил Геннадиевич, котиби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), Негай Николай Анатолеевич, Директори генералии Муассисаи давлатии давлатии ҷумҳуриявӣ бо ҳуқуқи идоракунии хоҷагии «Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-амалии солимии руҳии Ҷумҳурии Қазоқистон, сармутахассис оид ба бемориҳои наркологии Вазорати тандурустии Қазоқистон, Жанерке Омарова, корманди Барномаи минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи Раёсати  Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ мулоқот намуд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода зимни суханронии хеш роҷеъ ба талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муборизаи ҷаҳонӣ бо маводи нашъовар ва кӯмаку мусоидати созмонҳои умумибашарӣ барои пешгирии ин бемории аср изҳори назар намуда, иброз дошт, Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳо дар мубориза бар муқобили маводи нашъамандӣ устувор  мебошад.

Дар идомаи ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба истеъмоли гайритиббии маводи нашъадор дар кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамӣ (СААД), мушкилоти пешгирӣ, табобат ва офиятбахшии беморони нашъаманд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои мутақобиларо баррасӣ  намуданд.

Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти табобат ва пешгирии бемориҳои наркологӣ ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 715
  • 1,242
  • 949,735