Ҷамолиддин Абдуллозода бо директори иҷроияи миссияи USAID дар Тоҷикистон Кит Симонс мулоқот намуд

Ҷамолиддин Абдуллозода бо директори иҷроияи миссияи USAID дар Тоҷикистон Кит Симонс мулоқот намуд
Феврал 19
16:39 2021

Имрӯз, 19 феврали соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Кит Симонс, директори иҷроияи миссияи USAID дар Тоҷикистон ва Кэтрин Олвенс, роҳбари барномаҳои тандурустии USAID дар Тоҷикистон мулоқот намуд.

Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кит Симонсро барои ба вазифаи директори иҷроияи миссияи USAID дар Тоҷикистон интихоб гардиданаш шодбош намуда, дар фаъолияти минбаъдаи корӣ ба ӯ барору комёбӣ орзу намуд.

Ҳамзамон, номбурда аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгириҳои пайвастаи соҳа, махсусан дар давраи сар задани пандемияи COVID-19 ба Агентии ИМА оид ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ (USAID) изҳори миннатдорӣ баён дошт.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва ояндасози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои намоёни сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардид.

Инчунин, зикр гардид, ки айни замон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро бо агентиҳои дахлдори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба роҳ мондааст. Аз ҷумла соли 2020 «Ёддошти тафоҳум байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ИМА оид ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ (USAID)” дар асоси протокол барои то соли 2025 тамдид гардид.

Ҳамзамон, пас аз анҷом ёфтани фаъолияти лоиҳаи  “Cаломатӣ ва ғизо” дар минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон барои солҳои 2016-2020, лоиҳаи «Модари солим-кӯдаки солим», ки барои беҳтар намудани вазъи саломатӣ ва ғизогирии модарон, инчунин кӯдакони синнашон то 5 сола тавассути хизматрасонии тиббӣ дар оила, ҷомеа ва муассисаҳои тандурустӣ дар Тоҷикистон соли 2021 оғоз гардид, аз ҳамкориҳои  мутақобилан судманди вазорат бо агентии мазкур дарак медиҳад.

Мулоқот дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни таваҷҷуҳи мутақобила доир гардида, ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо иброз намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 960
  • 1,242
  • 949,980