Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳри Ваҳдат шинос шуд

Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳри Ваҳдат шинос шуд
Май 30
16:24 2020

Боздиди роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода имрӯз, 30 май аз як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Ваҳдат дидан намуд.

Тавре ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, то рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда аз се беморхонаи шаҳри Ваҳдат, ки барои қабули беморони COVID-19 пешбинӣ шуда буданд, дутоаш пурра холӣ шуда, ба ҳолати муқаррарӣ бармегарданд. Дар як беморхонаи ин шаҳр шумораи ками беморони сироятёфта аз ин вируси нав боқӣ мемонанд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф аз сафарҳои масъулони вазорат аз наздик ошно шудан бо фаъолияти табибон ва ҷараёни табобати беморони гирифтори сирояти коронавирус дар муассисаҳои тандурустӣ, саривақт фаро гирифтани онҳо ба табобати хонагӣ, таъмини беморон бо доруворӣ ва бемористонҳо бо таҷҳизоти тиббӣ, таъмини табибон бо либосҳои муҳофизатӣ, ошкор намудани камбудиҳои муассисаҳо, мушкилоти табибон ва саривақт ба онҳо расидагӣ кардан мебошанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 919
  • 1,242
  • 949,939